ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

ПУТИН ДӮСТАШ ПРИГОЖИНРО ХОИН ВА ОШӮБИ ӮРО ЗАРБА АЗ ПУШТ НОМИД (ВИДЕО)

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 24 июни соли 2023 дар як муроҷиатномаи вижа ба мардум, Нирӯҳои мусаллаҳ, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амниятии Русия бори аввал ҳаводиси марбут ба ошӯби мусаллаҳона таҳти раҳбарии Евгений Пригожинро “зарба аз пушт” ва таҳдиди маргбор ба давлатдории Русия” хонад, муассиси ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер”, дӯст ва ошпази собиқашро “хоин” номид.

Путин ҳаводиси ахирро бо инқилобҳои соли 1917, ки Русия он замон дар Ҷанги якуми ҷаҳон меҷангид қиёс кард ва гуфт, як аср қабл ҳам “аз тариқи тавтиаҳову сиёсатбозиҳо дар пушти артиш ғалабаро аз дасти Русия дуздида  буданд ва он ҳама бо фурӯпошии кишвар ва аз даст рафтани қаламравҳои бузург анҷомид”. Путин таъкид кард, ки  ин дафъа “мо ба такрори он иштибоҳ роҳ нахоҳем дод, Мардум ва давлати худро аз ҳаргуна таҳдид ҳимоят мекунем. Аз ҷумла аз хиёнат дар дохил”.

Путин пинҳон накард, ки манзураш аз “хиёнат дар дохил” Пригожин ва ошӯби ӯст.

 “Ончӣ ки мо рӯбарӯ шудем, маҳз хиёнат аст. Ғаразҳои беш аз ҳад ва манфиатҳои шахсӣ ба хиёнат овард. Ба хиёнат ба кишвар ва мардуми худ ва ба он ҳадафе, ки барояш дар як саф бо нирӯҳои мо ҷанговарону фармондеҳони гуруҳи “Вагнер” низ меҷангиданду ҷон медоданд. Ин қаҳрамонҳо дар Донбасс барои ваҳдати ҷаҳони русӣ меҷангиданду  ҷон медоданд, вале  онҳое, ки ошӯб ташил карда, кишварро ба беназмӣ ва ҷанги бародаркуш ва дар ниҳоят, ба тарафи мағлубият ва таслимшавӣ тела дода истодаанд, ба ном ва корнамоии онҳо хиёнат карданд”, – изҳор дошт Путин, ки бори аввал гуруҳи “Вагнер”ро ном гирифт. Қаблан Путин кӯшиш мекард, ки аз бурдани номи нирӯҳои “Вагнер” худдорӣ кунад.

Президенти Русия гуфт, “ҳар навъ ошӯби дохилӣ таҳдиди маргбор ба давлатдории Русия” ва“зарба Русия ва мардумаш” аст.

Путин ваъда дод, ки ба зидди ошӯбгарон чораҳои қатъӣ гирифта хоҳанд шуд: “Ҳамаи онҳое, ки дониста пой ба роҳи хиёнат гузоштанд, ин ошӯбро омода карданд, аз роҳи шантаж ва усули террор рафтанд, ба ҷазои ногузир расонда мешаванд, ҳам дар назди қонун ва ҳам дар назди мардум ҷавоб хоҳанд дод. Онҳое, ки ин ошӯби ҳарбиро ташкил ва тайёр крданд ва ба зидди ҳамсангарону худ силоҳ бардоштанд, ба Русия хиёнат карданд. Ва барои ин ҷавоб хоҳанд дод”.

Дар айни замон, Путин аз иштирокчиёни ошӯб даъват кард, ки силоҳро ба замин гузошта, таслим шаванд. Президенти Русия гуфт, ба нирӯҳои мусаллаҳ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ алакай фармонҳои даркорӣ дода шудаанд ва дар шаҳру вилояти Маскав ва бархе минтақаҳои дигар чораҳои иловагии зиддитеррористӣ андешида мешаванд.

Путин ҳамзамон дар дасти нирӯҳои ЧВК “Вагнер” қарор доштани шаҳри Ростовро тасдиқ кард ва гуфт, “барои ором кардани вазъх дар Ростови лаби Дон низ чораҳои қатъӣ андешида мешаванд. Вазъ дар Ростов мураккаб боқӣ мемонад, дар онҷо кори ниҳодҳои мулкӣ ва ҳарбӣ амалан ба ҳам зада шудааст”.

Билофосила дар пайи нашри муроҷиатномаи президенти Русия, Евгений Пригожин ба он ҷавоб дод. Ӯ гуфт, Путин бо инки онҳоро хоин меномад, иштибоҳ мекунад. “Мо на хоин, балки ватандӯстем. Муборизаи мо ба зидди он хоинони аслиест, ки дар Маскав, дар мансабҳои баланд нишастаанд”, – изҳор дошт Пригожин, ки қаблан роҳбарони вазорати мудофиаи Русияро ба нокомиҳо дар ҷанги Украина айбдор карда буд.

Ёдовар мешавем, шоми 23 июни соли 2023 раҳбари ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин вазорати мудофиаи Русияро ба мушакборони мавқеъҳои нирӯҳои худ айбдор кард ва аз оғози “Марши адолат” барои пайдо кардан ва ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони нокомиии артиши Русия дар ҷанги Украина хабар дод. Алакай субҳи 23 июн Пригожин аз Ростови лаби Дон, аз ситоди ЮВО, ҳавзаи ҳарбии ҷануби Русия видео нашр кард ва гуфт, нирӯҳояш фурудгоҳ ва дигар иншооти муҳим дар шаҳри Ростовро низ ишғол кардаанд.

Пригожин гуфт, вазири дифои Русия Сергей Шойгу аз омадани онҳо хабар ёфта, “мисли занак” аз Ростов гурехт. Ӯ ваъда дод, ки “ин махлуқ”ро ҳатман пайдо мекунанд ва ба ҷавобгарӣ мекашонанд. Роҳбари ЧВК “Вагнер” ҳамчунин сардори ситоди кулли артиши Русия Герасимовро дар шикастҳо дар ҷанги Украина айбдор мекунад ва мегӯяд, бо айби Герасимов ва Шойгу ҳазорон нафар аз нирӯҳои умдаи артиши Русия дар Украина беҳуда кушта шуданд.

https://twitter.com/adagamov/status/1672518975949881345

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button