ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ПРИГОЖИН НАҚШААШРО ЭЪЛОН КАРД: АГАР ГЕРАСИМОВ ВА ШОЙГУРО НАСУПОРАНД, ТО МАСКАВ МЕРАВЕМ (ВИДЕО)

Роҳбари ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин рӯзи 24 июни соли 2023  видеои мулоқоташ бо муовини вазири мудофиаи Русия Юнусбек Евкуров дар шаҳри Ростови лаби Донро нашр кард.  Ӯ дар ин видео ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои артиши Русия болои мавқеъҳои нирӯҳояш онҳо ба муқовимати мусаллаҳона идома хоҳанд дод.

 “Агар Герасимов ва Шойгуро насупоранд, мо то Маскав меравем”, – изҳор дошт Пригожин. Герасимов – сардори Ситоди кулл ё Генштаби артиши Русия ва Шойгу вазири дифои ин кишвар аст. Раҳбари “Вагнер” онҳоро дар нокомиҳо дар ҷанги зидди Украина айбдор мекунад.

Дар ин мулоқот, тавре дар видео дида мешавад, муовини сардори Генштаб генерал-лейтенант Владимир Алексеев низ ҳузур дорад. Дар пайи ҳарфҳои Пригожин дар бораи сардори худаш Герасимов, генерал Алексеев бо ханда мегӯяд: ”Аз барои Худо, бигиред ҳамин Герасимовро”.

Маълум нест, ки байни Пригожин, аз як сӯ, ва Евкурову Алексеев, аз тарафи дигар, музокирот рафта истодааст ваё онҳо ба дасти нирӯҳои ЧВК “Вагнер” асир афтодаанд?  Лаҳни боситезаи Пригожин бархе расонаҳоро водор ба ҳадсзанӣ кардааст, ки дастикам Юнусбек Евкуров, собиқ президенти Ингушистон, дар ин мулоқот бо хоҳиши худаш ҳузур надорад.

Дар видео лаҳзае ҳаст, ки Евкуров баъди шунидани талабҳои Пригожин, мегӯяд: “Хуб, ман туро шунидам…” Аммо Пригожин инҷо сухани ӯро мебурад ва хитоб ба Евкуров мегӯяд: “Ту худат  кӣ ҳастӣ, ки бо ман ту-ту гуфта, гап мезанӣ?” Евкуров маҷбур шуд, ки худро сафед ва бо роҳбари “Вагнер” ту гуфта гап заданашро рад кунад.

Ёдовар мешавем, аз шоми 23 июни соли 2023 аз Русия дар бораи ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Евгений Пригожин хабарҳо ба даст мерасанд.

Евгений Пригожин, раҳбари ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер” ва дӯсту ошпази  Путин дар идомаи ихтилофаш бо роҳбарони вазорати мудофиаи Русия аз оғози “Марши адолат”, ишғоли иншооти муҳим дар шаҳри Ростови лаби дарёи Дон дар ҷануби ин кишвар ва азмаш барои ҳаракат ба тарафи Маскав хабар дод.

Президенти Русия Владимир Путин ин амали дӯсти собиқи худ Пригожинро “хиёнат ба Русия”, “таҳдиди маргбор ба давлатдории Русия” ва “зарба аз пушт” номид ва гуфт, ташкилкунандагон ва иштирокчиёни ин ошӯби мусаллаҳона ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд. Мақомоти Русия ба зидди Пригожин парвандаи ҷиноятӣ кушода, чораҳои амниятиро дар шаҳру вилояти Маскав ва минтақаҳои дигар афзоиш додаанд.

Дар саффи нирӯҳои ЧВК “Вагнер” дар Украина садҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ меҷангиданд. Онҳо асосан маҳбусон аз зиндонҳои Русияанд, ки бо ваъдаи афву озодии зудтар бо ЧВК “Вагнер” қарордод бастаанд. Маълум нест, ки оё ҷангиёни тоҷикистонӣ низ ба ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Пригожин ҷалб карда шудаанд ё на?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button