МОДАРИ ИБРОҲИМҶОН БАРОИ ТАБОБАТИ ҶИГАРБАНДАШ БА КУМАК НИЁЗ ДОРАД (ВИДЕО)

Як модари ҷавон, ки ҳоло бо фарзанди панҷсолааш Иброҳим дар бемористони “Истиқлол” қарор дорад, аз мардуми дастбахайр хоҳиш дорад, ки дар арафаи иди шарифи Қурбон ба ӯ барои табобати фарзандаш кумак расонанд. Иброҳим Каримов, ки рӯзи 1 июни соли 2018, дар рӯзи иди кӯдакон ба дунё омадааст, то ҳол метавон гуфт, ки шириниҳои давраи кӯдакиро начашидааст. Ин тифли маъсум  аз бемории фалаҷи майнаи сари кӯдак (детский церебральный паралич, ДЦП) ранҷ мебарад. Иброҳимҷон аз замони таваллуд чизеро ҳис намекунад ва ҳаракат ҳам карда наметавонад.

Модараш Нодира Ибодинова мегӯяд, тамоми дороияшро сарфи табобати ҷигарбандаш Иброҳимҷон кард, вале барои идомаи табобати ӯ зӯраш намерасад. Ба ҳамин хотир, ин модар аз мардуми дастбахайр кумак мехоҳад.

“Агар ҳатто имкони кумак надошта бошед, пас барои Иброҳимҷони ман даст ба дуо бикушоед, ки Худованд шифояш бидиҳад”, – мегӯяд ин модар.

Онҳое ки мехоҳанд барои табобати Иброҳимҷон саҳм гузоранд, метавонанд кумаки худро ба ин ҳисоб фиристанд:

РАҚАМИ КОРТ 9762000094298675

Корт ба номи модари Иброҳим

Ибодинова Нодира буда, бо рақами телефони ӯ:  (+992) 934 11 06 38  пайваст аст.

Шумо метавонед бо ин рақам бевосита бо модари Иброҳимҷон дар бемористон дар тамос шавед ва дар бораи бемории ӯ ва роҳҳои расондани кумак маълумоти бештар бигиред.

Худованд Иброҳимҷон ва ҳамаи маризони дигарро шифои комил бидиҳад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button