МАРГИ ДУЧАРХАРОН ДАР ХУРОСОН, АВБОШИИ НОБОЛИҒОН ДАР КӮЧАИ А.ҒУЛОМОВ ВА ДУЗДӢ АЗ ХОНАИ ЯК СОКИНИ ПОЙТАХТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 24.06.2023

Ба ҳалокат расидани дучархарон дар натиҷаи ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

002

22-юми июни соли 2023, тахминан 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Мелибоев Холмурод Ҳасанович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Одилов Сироҷиддин Исмоилович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани якчанд ноболиғ бо ҷурми авбошӣ

14

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 16, 15, 14 ва 16-солаи сокинони шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 22-юми июни соли 2023, ҳангоми дар кӯчаи А.Ғуломов қарор доштанашон, аз ҳиссиёти авбошӣ ноболиғи 15 ва ҷавони 18-солаи сокинони пойтахтро мавриди лату кӯб қарор додаанд, баъдан, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда, ҷабрдидагонро зарба задааст.
Дар натиҷа ҳардуи онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

134

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи зани 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 22-юми июни соли 2023, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Левакант бо тариқи пинҳонӣ аз манзили истиқоматиаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми” ва 3 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button