ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҲУШДОРИ САФОРАТ БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК: БА ВИЛОЯТҲОИ ҲАММАРЗ БО УКРАИНА НАРАВЕД!

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 24 июни соли 2023 бо нашри як муроҷиатномаи вижа ба муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ҳушдор дод, ки бо дарназардошти таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат, аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Россия бо Украина худдорӣ намоянд, Ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва чорабиниҳои оммавӣ, хусусан бо истифода аз нақлиёти шахсии худ, нараванд.

Ба шаҳрвандони тоҷик пешниҳод шудааст, ки барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд ба сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд.

Сафорат барои ин ҳушдори худ тафсилоти дигар надодааст, вале он дар рӯзе нашр шуд, ки Евгений Пригожин, раҳбари ширкати хусусии ҳарбии ЧВК “Вагнер” дар идомаи ихтилофаш бо роҳбарони вазорати мудофиаи Русия аз оғози “Марши адолат”, ишғоли иншооти муҳим дар шаҳри Ростови лаби дарёи Дон дар ҷануби ин кишвар ва азмашон барои ҳаракат ба тарафи Маскав хабар дод.

Президенти Русия Владимир Путин ин амали дӯсти собиқи худ Пригожинро “хиёнат ба Русия”, “таҳдиди маргбор ба давлатдории Русия” ва “зарба аз пушт” номид ва гуфт, ташкилкунандагон ва иштирокчиёни ин ошӯби мусаллаҳона ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд. Мақомоти Русия ба зидди Пригожин парвандаи ҷиноятӣ кушода, чораҳои амниятиро дар шаҳру вилояти Маскав ва минтақаҳои дигар афзоиш додаанд.

Дар саффи нирӯҳои ЧВК “Вагнер” дар Украина садҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ меҷангиданд. Онҳо асосан маҳбусон аз зиндонҳои Русияанд, ки бо ваъдаи афву озодии зудтар бо ЧВК “Вагнер” қарордод бастаанд. Маълум нест, ки оё ҷангиёни тоҷикистонӣ низ ба ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Пригожин ҷалб карда шудаанд ё на?

Сарбозони ЧВК Вагнер дар Ростов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button