ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ҶАСАДИ ДУХТАРИ 16-СОЛАРО ДАР ИШКОШИМ АЗ ЛАБИ ДАРЁ ЁФТАНД, ЯК НАВРАС ДАР КОНИБОДОМ ҒАРҚ ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани боз ду ноболиғ хабар дод.

Аз ҷумла рӯзи 21 июни соли 2023  як духтари 16-сола аз деҳаи Гармчашмаи ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замирови ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабабҳои номаълум нопадид шудааст. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд билохира ҷасади ӯ дар соҳили дарёе, ки аз ин деҳа мегузарад, пайдо карда ва ба волидонаш супурдаанд.

Ҳамчунин, рӯзи 22 июни соли 2023 наздик ба соати 13:40 хабар расид, ки як сокини 12-солаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар канал ғарқ шуд. Сокинони деҳа ҷасади ӯро пайдо карда ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Дар робита ба афзоиши ҳолатҳои ғарқ шудани ноболиғон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад: “Дар рӯзҳои таътили  тобистона фарзандони шумо фориғ аз дарсҳову мактаб вақти холии худро бештар дар кӯчаҳо ва соҳили обҳо мегузаронанд. Ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки шумо дар хона ва ё саргарми кор дар коргоҳ намедонед фарзандонатон куҷоянд ва чӣ мекунанд. Кумита бо эҳтиром аз Шумо хоҳиш мекунад ба хотири роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуш вақти бештарро барои таътили хуби фарзандонатон ҷудо кунед ва талош намоед ҳамроҳи онҳо бошед. Як рухдоди тасодуфӣ ҳам метавонад шуморо умре ғамзадаву парешон кунад”.

Ба ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли ҷорӣ дар обҳои кишвар алакай ҳудуди 70 нафар ғарқ шудаанд, ки беш аз нисфи онҳо, тақрибан 40 нафар аз ғарқшудагон кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдакон ва наврасони то синни 16 ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button