ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

“ПУЛРО ДОДЕМ, САФАР КАЙ?” ТАҶАММӮИ ДАҲҲО ЗОИРИ ТОҶИК ДАР НАЗДИ КУМИТАИ ДИН

Алишер Зарифӣ

Амир Исоев

Радиои Озодӣ

Даҳҳо талабгори Ҳаҷҷи фарзӣ рӯзи 22-юми июни соли 2023 дар назди Кумитаи дини Тоҷикистон ҷамъ омаданд.

Онҳо мегӯянд, тамоми зинаҳоро гузаштанду харҷи сафарро пардохтанд, вале ҳанӯз номашон дар рӯйхати мусофирон ба Арабистони Саудӣ нест. Дар ҳоле ки, ба гуфтаашон, муҳлати ниҳоии сафар ба зоирони Ҳаҷҷи фарзӣ аз Тоҷикистон 23-юми июн таъин шудааст. Мақомот гуфтанд, душворӣ ба сабаби ба таъхир уфтодани парвози ҳавопаймоҳои ширкати Саудӣ ба вуҷуд омад.

“Бояд рӯзи 20-уми июн мерафтем”

“Панҷ рӯз боз дар шаҳри Душанбе ҳастем. Аз ноҳияи Деваштич омадем. 20 нафар. Ба мо гуфтанд, равед, баъд аз як рӯз номатон дар рӯйхати зоирон мебарояд. Пулро супоридем, ҳамааш тайёр, бояд 20-уми июн мерафтем,” – гуфт Саидмуъмин Саидов аз ноҳияи Деваштич.

Зоирони тоҷик дар назди Кумитаи дин. Шаҳри Душанбе, 22-юми июни 2023
Зоирони тоҷик дар назди Кумитаи дин. Шаҳри Душанбе, 22-юми июни 2023

Мақомоти Кумитаи дин дар таблое номи шахсонеро навиштаанд, ки сафарашон ба Саудӣ пешбинӣ шудааст. Яке аз талабгорони ҳаҷ мегӯяд, барои анҷоми сафар ҳамаи марҳилаҳоро гузашт, вале номаш дар рӯйхат нест.

Абдураҳим Абдуқосимов, сокини ноҳияи Вахш, гуфт: “Бо мақсади он омадем, ки рӯйхати ҳоҷиён барояд. Бинем, ки ҳастем ё не. Интизорем, ки номи мо ҳам барояду сафар кунем.”

Номи мусофиронро дар инҷо навиштаанд
Номи мусофиронро дар инҷо навиштаанд

Сафари зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ 10-уми июн оғоз шуд. Ширкати “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ва “Flynas” аз Арабистони Саудӣ ба бурдани зоирон вазифадор шудаанд.

Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон гуфтанд, ба сабаби таъхир дар парвози ҳавопаймоҳои “Flynas” чунин душворӣ пеш омад.

“Ин омил то ҷое боис ба нигаронии мардум гардид. Онҳо андаке хавотир шуданд ва тавре мебинед, имрӯз паси дари мақомоти ваколатдор қарор доранд, то муайян кунанд, ки кай онҳо ё наздиконашон ба сафари Ҳаҷ мераванд?” – гуфт Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин. Ҳамсуҳбати Озодӣ афзуд, сокинон набояд нигарон бошанд, “сафари онҳо анҷом хоҳад шуд”.

Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин
Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин

Тамосҳои батакрори Озодӣ ба ширкати “Flynas” бенатиҷа монд.

Дар Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, баъди бардошта шудани маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 теъдоди хоҳишмандони ҳаҷ зиёд шудааст ва ин ба ҷадвали парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Ҷидда таъсир гузоштааст.

Имсол Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота дод. Нархи сафари ҳаҷ барои як нафар 59 ҳазор сомонӣ ё беш аз 5 ҳазору 400 доллар муқаррар шудааст.

Таҷаммӯи зоирони тоҷик дар назди Кумитаи дин. Шаҳри Душанбе, 22-юми июни 2023
Таҷаммӯи зоирони тоҷик дар назди Кумитаи дин. Шаҳри Душанбе, 22-юми июни 2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button