ВидеоМуҳоҷирон

ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК ДУХТАРАШРО АЗ ҚАБАТИ ПАНҶУМ БА ЗАМИН ПАРТОФТААСТ

Додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 21 июни соли 2023 дар ҷаласааш замони ҳабси пешакии як марди 44-солаи зодаи Тоҷикистонро, ки бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия ба қасди куштани духтари худаш айбдор мешавад, то 7 август тамдид кард. Худи ин мард даст доштанаш дар ин ҳодисаро рад мекунад.

Марди айбдоршаванда ваё наздикону адвокаташ барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестандЭ вале бино ба фарзияи тафтишот, ин мард рӯзи 7 майи соли 2023 дар ҳолати мастӣ дар пайи нӯшидани машрубот духтари 20солаи худашро аз балкони қабати панҷуми бино ба ҳамин ҳаво додааст. Ҷабрдида ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ, аз ҷумла осеби сутунмуҳра бардошт, вале хушбахтона, зинда монд.

Ҷабрдида ва шоҳидон, аз ҷумла ҳамсари марди айбдоршаванда ба тафтишот баёнот додаанд, ки ӯ ҳар дафъа баъди нӯшидани машрубот пархошҷӯ мешуд, худро идора карда наметавонист ва нисбат ба ҳамсару фарзандонаш зӯроварӣ мекард. Аҳли хонавода падари хонадонро айбдор кардаанд, ки маҳз вай духтарашро аз балкон ба замин ҳаво дод.

Дар мурофиаи додгоҳӣ ҳангоми баррасии масъалаи тамдиди замони ҳабси пешакиаш ин марди зодаи Тоҷикистон баёноти ба тафтишот додаашро такрор карда, гуфтааст, ки духтари ӯ ба сабаби вайрон шудани издивоҷаш мехост худкушӣ кунад. Ӯ гуфтааст, ки духтарашро ба замин ҳаво надодааст.

Аммо додгоҳ бо дарназардошти сангинии ҷинояте, ки ин мард айбдор мешавад, шаҳрванди кишвари хориҷӣ, яъне Тоҷикистон будани дар маҳалли сабти номаш зиндагӣ накардан, надоштани манбаи даромад ва ҳам ба ин далел, ки ӯ бо ҷабрдида ва шоҳидон дар як манзил зиндагӣ дошту метавонад ба онҳо фишор биораду монеи тафтиши парванда шавад ва ҳатто аз тафтишот ва ҷавобгарӣ фирор кунад, муҳлати ҳабси ин марди зодаи Тоҷикистонро то 7 август тамдид кард.

Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик, ки ҳамсари рус гирифтаанд ваё фарзандонашон дар Русия ба воя расидаанд, аз пеш омадани мушкилоти ҷиддӣ дар рӯзгорашон шикоят мекунанд. Бисёре аз фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар Русия намехоҳанд тибқи талаби волидон зиндагӣ кунанд ва аз хатти кашидаи онҳо берун пой нагузоранд. Ин боиси муноқишаҳои ҷиддӣ дар оилаҳои муҳоҷирон мешавад. Тафсилоти дигари қазияи рухдода дар Новосибирск дастрас нест, вале ба эҳтимоли ғолиб, инҷо низ метавонад чунин ҳолати нофаҳмӣ байни падару духтар пеш омада бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button