ВидеоҲодисаҶомеа

ҲАМААШ АЗ ҶАНГ ДАР ИНСТАГРАМ САР ШУД… СОЛЕҲ ЗОКИРҶОНЗОДАРО КӢ ВА БАРОИ ЧӢ КУШТ? (ВИДЕО)

Дар робита ба муноқишаи байни ду гуруҳи наврасон дар назди як маркази бозиҳои компютерӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар ҷараёни ин муноқиша як нафар кушта шуд, аз ҳарду тараф 9 нафарро дастгир кардаанд. Ин муноқишаи хунин шаби 9 июни соли 2023 рух додааст, вале маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон тафсилоти онро танҳо шаби 21 июн, дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр кард.

Худи ин 9 навраси дастгиршуда ва наздикони онҳо барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба гузориши Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, моҷаро аз баҳси маҷозии ду наврас дар Инстаграм оғоз ёфта, ба муноқишаи воқеии гуруҳӣ печид ва мутаассифона,  бо марги боз ҳам воқеитари яке аз ин наврасон ва пушти панҷара рафтани 9 нафари боқимонда анҷом ёфт.

Шаби 9 июни соли 2023 Давлатов Беҳрӯз Саидаҳмадович дар Инстаграм бо Зокирҷонзода Солеҳ Камол  вориди баҳси лафзӣ шуда, якдигарро дашномборон  кардаанд, вале боз ҳам тасфашон сард нашудааст ва дар назди як маркази бозиҳои компютерӣ дар кӯчаи Алишер Навоӣ, дар маҳаллаи 91 “разбор” (“ҳисобукитоб”) таъйин кардаанд.

Солеҳ Зокирҷонзода бо ин дӯстонаш ба “разбор” (“ҳисобу китоб”) омадааст:

  1. Авродов Абӯбакр Сайфиддинович
  2. Боев Лутфулло Абдуллоевич
  3. Тоҳиров Хусрав Носирҷонович.

Сироҷиддин Шакурӣ мегӯяд, азбаски тарафи дигар дер мекунад, Солеҳ бо дӯстонаш дар маркази бозиҳои компютерӣ то омадани онҳо шишта, бозӣ мекунанд. Бехабар аз он ки ин охирин бозӣ дар умри кӯтоҳи ӯ хоҳад шуд…

Баъди чанде Беҳрӯз Давлатов низ бо ин рафиқонаш ба ҷои “ҳисобу китоб” меояд:

  1. Рӯзиев Абубакр Исматович
  2. Ниёзмамадов Шараф Мансурович
  3. Одинаев Абдураҳмон Абдусаломович
  4. Абдуллоев Садриддин Қиёмиддинович.

Баъди расидани ҷониби дигар, тавре дар сабти видеоӣ дида мешавад, тақрибан соати 21:57 муноқиша сар задааст. Дар ҷараёни задухӯрд Шараф Ниёзмамадов Солеҳ Зокирҷонзодаро мавриди латтукӯб қарор дода, бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳими бадани ӯ ду зарба задааст. Як зарбаи дигари сахт ба шиками Зокирҷондзодаро, бино ба фарзияи тафтишот, худи даъвогар Беҳрӯз Давлатов задааст. Солеҳ Зокирҷонзода бар асари рехтани хуни зиёдаш ҷон додааст.

Шараф Ниёзмамадов ҷараёни ҳодисаро чунин нақл мекунад: “Омадам, ба Садриддин гуфтам, ки кордчаатро те. Кордчаро гирифтаму рафтам ва давида, якта задамаш. Ӯ гурехту тоб хӯрд ва баромада, рафт…”

Сироҷиддин Шакурӣ мегӯяд, дар натиҷаи нофаҳмиҳои ночизе ин наврасон як ҳамсоли худро аз ҳаёт маҳрум сохта, хонаводаи ӯро ғарқи мотам карданд ва номи худро ҳам доғдор сохта, ба ҳама нақшаи зиндагии худ хатти батлон кашиданд, чунки чанд соли ояндаи умри худро дар пушти панҷара сипарӣ хоҳанд кард.

Лозим ба зикр аст, ки ин муноқишаи хунин дар назди маркази бозиҳои компютерӣ дар ҳоле рух дод, ки бар асоси қонуни масъулияти падару модар, дар Тоҷикистон марказҳои бозиҳои компютерӣ ва марказҳои дилхушӣ дар соатҳои шабона (аз соати 20 ба он тараф) набояд ба кӯдакону наврасон иҷозати вуруд бидиҳанд. Талабе, ки  тавре рейдҳои милитсия нишон медиҳанд, бисёре аз ин марказҳо сарфи назар мекунанд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button