ВидеоМуҳоҷирон

ЧОР ТОҶИКИ ДАР ҚАЗОҚИСТОН ҲАЛОКШУДА АЗ ЯК ХОНАВОДА БУДААНД

Субҳи 21 июни соли 2023 дар як садамаи пурқурбонӣ дар километри 631-уми шоҳроҳи Самара – Шимкент дар наздикии шаҳраки Қобда (собиқ Новоалексеевка)-и вилояти Оқтеппа  дар шимоли Қазоқистон 4 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла ду ноболиғ ба ҳалокат расида, 4 тоҷики дигар ҷароҳат бардоштанд. Расонаҳои Қазоқистон бо такя ба пулиси ин кишвар хабар доданд, ки ҳамаи қурбониёни ин садама хешу табор будаанд: 7 нафари онҳо насаби ҳамсон дошта, аз як оилаанд ва нафари ҳаштум хешованди наздики онҳо будааст.

Бино ба гузоришҳо, дар ин садамаи пурқурбонӣ дар шимоли Қазоқистон ронандаи солхӯрдаи мошини тамғаи “Hyundai Starex” ва ду набераи ӯ, аз ҷумла духтарчаи 15-сола ва як кӯдаки хурдсол, ки синнаш гуфта нашудааст, ба ҳалокат расида, нафари чоруми ҷонбохта хешованди 19-солаи онҳо, ҳамонест, ки насабаш аз 7 нафари боқимонда фарқ мекард.

Аз ин садама ҳамсари низ солхӯрдаи ронанда ва се набераи дигари онҳо ҷон ба саломат бурдаанд. Онҳо феълан дар бемористони ноҳияи Қобда таҳти табобат қарор доранд.

Айдос Қулҷонов, сардори идораи пулиси маҳаллии вилояти Оқтеппа хабар дод, ки ронандаи мошини тамғаи “Hyundai Starex” – шаҳрванди Тоҷикистон субҳи 21 июни соли 2023, тақрибан соати 08:15 ба вақти маҳаллӣ дар километри 631-уми шоҳроҳи Самара – Шимкент дар наздикии шаҳраки аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонист ва дар натиҷа мошин чаппа шудааст. Бар асари садама, ду мусофир, аз ҷумла як духтари ноболиғи 15-сола дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд ва 6 нафари дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони марказии ноҳияи Қобда интиқол додаанд. Вале, мутаассифона, боз ду нафар, аз ҷумла як ноболиғ дар бемористон ҷон додаанд.

Айдос Қулҷонов гуфт, ҳамаи қурбониёни ин садама шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Бино ба фарзияи муқаддамотии пулис, ронанда мошинро дар ҳолати хастагии шадид меронд ва ба эҳтимоли ғолиб, ҳамин хастагӣ сабаби ин садамаи пурқурбонӣ шудааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Ин ҳам маълум нест, ки оё ин 8 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия раҳсипор буданд ваё баракс аз Русия ба Ватан бармегаштанд?

Дар аксҳо ва видеои аз маҳалли садама нашршуда дида мешавад, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон бо мошини рақами қайди давлатиаш TJ 46 84 HH 07 дучори садама шудаанд. Рақамҳо аз силсилаи 07  дар Тоҷикистон ба воситаҳои нақлиёти дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сабтшуда дода мешаванд. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои водиҳои Ҳисору Рашт ва шаҳри Норакро дар бар мегиранд.

Ба далели гарон будани нархи ҳавопаймо ҳар сол ҳазор нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар роҳи сафар ба Русия ваё барои бозгашт ба Ватан маҷбур мешаванд, ки аз роҳҳои заминӣ истифода баранд. Сафар бо мошину микроавтобус ё автобус назар ба қатори роҳи оҳан ё ҳавопаймо арзонтар аст, вале хатарҳои ҷиддиеро, чун садамаҳо дар роҳ, ба ҳамроҳ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button