ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СЕ ҒОРАТГАР ДАР РОҒУН, ДУЗДӢ ДАР МЕҲМОНХОНАИ “ЧИНОР” ВА ТАЛАБИ 112 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ БАСТАНИ ПАРВАНДА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 22.06.2023

Боздошт гардидани шахсони қаблан судшуда бо ҷурми ғоратгарӣ

122

Ба ШВКД дар шаҳри Роғун бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи Данғара, муроҷиат намудааст, ки шаби 20 ба 21-уми июни соли 2023, тахминан соати 00:40-дақиқа, шахсони номаълум бе ягон асос ӯро зери лату кӯб қарор дода, аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А 80”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 26, 30 ва 26-солаи сокинони шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва ноҳияи Муъминобод, ки пеш бо моддаҳои 376 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, номбурдагон шаби 20 ба 21-уми июни соли 2023, тахминан соати 00:50-дақиқа, дар кӯчаи Норакиёни шаҳри Роғун бе ягон асос зани 28-солаи сокини шаҳри Бохтарро зери лату кӯб қарор дода, аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А 13”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ба даст афтодани нафарони ҷинояти дуздӣ содирнамуда

155

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи зани 32-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 17-уми июни соли 2023, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба ҳуҷраи ҷойи хобаш, воқеъ дар меҳмонхонаи “Чинор” даромада, аз дохили ҳамёнаш 1-адад корти “Душанбе Сити”-ро, ки дар суратҳисобаш 3 ҳазору 100 сомонӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар зани 27 ва 31-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 47 ва 52-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанашон, 15-уми июни соли 2023, тахминан соати 22:30-дақиқа, аз оғилхонаи зани 50-солаи сокини ҳамин ноҳия 21 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки зани 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, 12-уми июни 2023, тахминан соати 17:00, бо тариқи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобии марди 43-сола

116

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 43-солаи сокини шаҳри Панҷакент моҳи майи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 62-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи фарзандашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан, маблағи 112 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button