ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 4 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР ҚАЗОҚИСТОН

Субҳи 21 июни соли 2023, тақрибан соати 08:15 ба вақти маҳаллӣ дар километри 631-уми шоҳроҳи Самара – Шимкент дар наздикии шаҳраки Қобда (собиқ Новоалексеевка)-и вилояти Оқтеппа  дар шимоли Қазоқистон дар як садамаи мудҳиш, мутаассифона, 4 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла ду ноболиғ ба ҳалокат расиданд.

Айдос Қулҷонов, сардори идораи пулиси маҳаллии вилояти Оқтеппа хабар дод, ки ронандаи мошини тамғаи “Hyundai Starex” – шаҳрванди Тоҷикистон аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонистааст ва дар натиҷа мошин чаппа шудааст. Дар натиҷаи садама, ду мусофир, аз ҷумла як духтари ноболиғи 15-сола дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд ва 6 нафари дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони марказии ноҳияи Қобда интиқол додаанд. Вале, мутаассифона, боз ду нафар, аз ҷумла як ноболиғ дар бемористон ҷон додаанд.

Айдос Қулҷонов гуфт, ҳамаи қурбониёни ин садама шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Бино ба фарзияи муқаддамотии пулис, ронанда мошинро дар ҳолати хастагии шадид меронд ва ба эҳтимоли ғолиб, ҳамин хастагӣ сабаби ин садамаи пурқурбонӣ шудааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Исми ҳалокшудагон ва захмиён нашр нашудааст. Ин ҳам маълум нест, ки оё ин 8 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия раҳсипор буданд ваё баракс аз Русия ба Ватан бармегаштанд?

Дар аксу видеои аз ҷои садама нашршуда дида мешавад, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон бо мошини рақами қайди давлатиаш TJ 46 84 HH 07 дучори садама шудаанд. Рақамҳо аз силсилаи 07  дар Тоҷикистон ба воситаҳои нақлиёти дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сабтшуда дода мешаванд. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои водиҳои Ҳисору Рашт ва шаҳри Норакро дар бар мегиранд.

Ба далели гарон будани нархи ҳавопаймо ҳар сол ҳазор нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар роҳи сафар ба Русия ваё барои бозгашт ба Ватан маҷбур мешаванд, ки аз роҳҳои заминӣ истифода баранд. Сафар бо мошину микроавтобус ё автобус назар ба қатори роҳи оҳан ё ҳавопаймо арзонтар аст, вале хатарҳои ҷиддиеро, чун садамаҳо дар роҳ, ба ҳамроҳ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button