ШАРҚИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР БАЙНИ 6 СОАТ ДУ ЗАМИНЛАРЗАИ ЧОРБАЛЛӢ ТАКОН ДОД

Маркази ҷумҳуриявии зилзиланигории вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод, ки субҳи 19 июни соли 2023 бо фосилаи 6 соат дар шарқи Тоҷикистон, дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду заминларза ба вуқӯъ пайвастааст.

Заминларзаи аввал соати 3:17 ба вақти маҳаллӣ рух дода, иқтидори он тибқи ҷадвали Рихтер 4 баллро ташкил дод. Маркази ин зилзила дар 115-киломерии шимолушарқи шаҳри Хоруғ ҷойгир шуда, замин дар умқи 120 километр ларзидааст.

Зилзилаи дуюм баъди 6 соати офати аввал, соати 9:19 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази ин заминларза дар 70-километрии шимолуғарби шаҳраки Мурғоб ҷойгир шуда, замин ин дафъа дар умқи 202 километр бо шиддати 4,2 балл тибқи ҷадвали Рихтер ларзидааст.

Дар бораи кадом зарар ё талафот бар асари ин офатӣ табиӣ гузорише то ин соат ба даст нарасидааст. Марказҳои зилзиланигории Тоҷикистон то ҳол дар бораи рух додани якбора ду заминларза дар шарқи ин кишвар хабар надодаанд.

Ин қисмати қаламрави шарқи Тоҷикистон як минтақаи пурзилзила ба шумор рафта, тақрибан ҳар ҳафта аз инҷо дар бораи заминларзаҳои нав ба нав хабарҳо ба даст мерасанд.

Тоҷикистон дар умум дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 4 заминларза,  дар як моҳи охир 18 заминларза ва дар як соли охир 224  заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон, дар атрофи Мурғоб ва кӯли Сарез рух додаанд.

Ёдовар мешавем, бар асари заминларзаи шаби 23 марти соли 2023, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд. Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button