ҲАМАГӢ 51 СОЛ ДОШТ… МАРГИ НОБАҲАНГОМИ МУОВИНИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ПОЛКОВНИК МУБОРАКҚАДАМЗОДА

ВКД Тоҷикистон бо нашри як номаи таъзия дар сомонаи расмиаш аз марги нобаҳангоми муовини вазири корҳои дохилӣ  полковники милитсия Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон хабар дод. Полковник Муборакқадамзода ҳамагӣ 51 сол дошт. Дар бораи иллати марги ӯ дар номаи таъзияи ВКД чизе гуфта нашудааст. Аммо дар ин таъзия марги полковдник Муборакқадамзода “марги нобаҳангом” ном бурда шуда, гуфта мешавад, ки роҳбарият ва ҳайъати шахсии ВКД аз даргузашти ин мақоми баландпояи милитсияи тоҷик сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Дар ҳамин ҳол, як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки Муборакқадамзода аз бемории қалб ранҷ мекашид.

Абдураҳмон Муборакқадамзода дар байни муовинони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ягона муовине буд, ки соҳиби унвони номзади илми ҳуқуқшиносӣ буд.Ӯ ҳамин тавр дар байни муовинони вазири дохила ягона муовине буд, ки полковник буд. Боқӣ муовинони вазири дохилаи Тоҷикистон ҳама генераланд.

Абдураҳмон Муборакқадамзода аз моҳи августи соли 2022 ҳамагӣ 10 моҳ дар мақоми муовини вазир кор кард. Аз он қабл ӯ аз соли 2018 то 2022 сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Хоруғ буд ва он ҳам дар як даврони хеле мушкили пур аз эътирозҳои оммавӣ дар ин шаҳр ва саркӯби хунини ин эътирозҳо дар моҳи майи соли 2022. Дар ҷараёни эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 Муборакқадамзода, ки он вақт сардори ШВКД шаҳри Хоруғ буд, дар ҷараёни задухӯрдҳо бо эътирозгарон бо корд аз пушташ ҷароҳати вазнин бардошта, 3 моҳ бистарӣ  шуда буд.

Дар пайи саркӯби эътирозҳои Бадахшон дар моҳи августи соли 2022 Муборакқадамзода ба мақоми муовини вазири дохилӣ таъйин гардида, аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон бо орден қадрдонӣ шуда буд.

 Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон 15-уми сентябри соли 1971 ба дунё омадааст. Ӯ соли 1999 Академияи ВКД Тоҷикистон ва соли 2008 адъюнктураи Академияи ВКД Русияро хатм кардааст. Муборакқадамзода номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буд.
Муборакқадамзода А.Н. фаъолияти худро соли 1994 дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳайъати қаторӣ ба ҳайси нозири ППС,  хадамоти дидбонию пайроҳадории милитсияи ВМКБ шурӯъ намуда, дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст: ваколатдори оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ, муовини сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятӣ ва сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд.
Соли 2004 ба адъюнктураи Академияи ВКД Русия дохил шуда, соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Ташкили ҷустуҷӯи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ шуд.
Сипас, фаъолияти худро дар мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳайси сардори шуъбачаи пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони РВКД дар вилояти Суғд идома дода, соли 2010 ба вазифаи сардори шуъбачаи барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ (УБОП) ВКД дар вилояти Суғд, соли 2012 ба ҳайси муовини сардори ҳамин шуъба ва солҳои 2013-2014 иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд кор кард. Муборакқадамзода аз моҳи апрели соли 2014 то соли 2015 муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд оид ба корҳои оперативӣ, соли 2015 муовини сардори РВКД дар ВМКБ оид ба корҳои оперативӣ, соли 2016 муовини сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, солҳои 2017-2018 муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд ва солҳои 2018-2022 сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғи РВКД дар ВМКБ адои вазифа намудааст.
Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон аз 17-уми августи соли 2022 ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин гардид.

ВКД дар таъзияаш навишт, ки Муборакқадамзода “ба халқу Ватан содиқона хидмат карда, барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаю сипосномаҳои ВКД, ҳамчунин, бо медали «Ҷасорат» ва ордени “Спитамен” дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.
“Ҳамкорону ҳамсафон ҳеҷ гоҳ хотираи неки ин марди наҷиб ва афсари сарсупурдаи мақомоти корҳои дохилиро фаромӯш намесозанд ва кору пайкори ӯро идома медиҳанд”, – гуфта шудааст дар анҷоми таъзияи ВКД дар марги полковник Муборакқадамзода.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button