ЯК НАВРАСИ 16-СОЛА АЗ ХУҶАНД ДАР ДАРЁИ СИР ҒАРҚ ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 18–уми июни соли 2023,  соати 09:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнӯъ  дар дарёи Сир як сокини 16-солаи шаҳри Хуҷанд ғарқ шуд.

Ғаввосони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади наврасро аз об берун оварданд ва ба мақомоти марбута супурданд.

Ба ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар обҳои кишвар 65 нафар ғарқ шуданд, ки 36 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдакон ва наврасони то синни 16 ғарқ шуда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз падарону модарон бори дигар хост, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд ва қоидаҳои шиновариву оббозиро ҷиддан риоя кунанд. Кумита хотиррасон кардааст, ки ноболиғон набояд бидуни ҳузури калонсолон худсарона ба об дароянд ва ҳаёти худро дар хатар гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button