ҲАЛОКАТИ 7 НАФАР ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ 16 ВА 17 ИЮН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 16 ва 17 июни соли 2023 дар 5 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ дастикам 7 нафар ҷон додаанд. Аз ҷумла рӯзи 17 июн, соати 13 бар асари чаппа шудани як мошини “Сузуки” дар ноҳияи Данғара ду сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расида, як мусофири дигар ҷароҳат бардоштааст. Ҳамин тавр, рӯзи 17 июн, соати 18:30, бар асари бархӯрди “Опел-Зефира” бо “Дэу Нексия” дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров ҳарду ронанда дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, 6 мусофири “Опел” ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои ВКД, 16-уми июни соли 2023, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Самиев Муҳаммадҷон Сангинмуродович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Одилов Зоҳирҷон Ҳомидович, соли таваллудаш 1974, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, Одилов З.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, 17-уми июни соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Версо», Акошехов Мубинҷон Махкамҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Урунхоҷаеви ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони ноболиғ, Шодмонов Исроилбек Илҳомбекович, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, велосипедрони ноболиғ Шодмонов И.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
17-уми июни соли 2023, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-СХ470», Ниёззода Муқимҷон Ғиёс, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Бойматови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Азаматов Давлатмаҳмад Камолович, соли таваллудаш 1969, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарон Азаматов Д.К. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
17-уми июни соли 2023, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Сузуки Свифт”, Содиқов Набиҷон Умарович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада автомашинаро чаппа намудааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Содиқов Н.У. ва мусофираш Урозов Парвизҷон Кокулхонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур, Мисиров Шодибой Шомуродович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
17-уми июни соли 2023, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Шафизода Одинамаҳмад Раҷаббой, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Дэу Нексия», таҳти идораи ронанда Наврузов Шоҳмурод Холмуродович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Гулистон, бархурдааст. Дар натиҷа, ронандагони автомашинаҳо Шарифзода О.Р. ва Наврузов Ш.Х., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба халокат расидаанд.
Инчунин, 6-нафар мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», ки шахсияташон номаълум мебошанд, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай беш аз 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button