Қиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷиронФарҳанг

ДУЧАРХА

Гули Мурод Гулов 

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

Дучарха

Ҳикоя

****

Он вақт чаҳордаҳсола будам. Аксариати ёру рафиқонам дучарха меронданд.Аз модар хоҳиш кардам,ки ман ҳам бояд соҳиби дучарха бошам.

Модар ғамгинона ҷавоб дод,ки маблағи дучархахарӣ надорад.

Ӯ ҷомадӯзӣ мекард ва аз он даромад рузгорамонро медид.

Мани нофаҳм ду пойро дар як муза ниҳода мегуфтам,ки дучарха мехоҳам… Расо як ҳафта ашк рехтам. Модари бечораам ҳам сарамро ба оғушаш гирифта хомӯшона ашк мерехт.

Мо ҳамаги як буз доштем.Рӯзе аз мол барнагашт. Ман ҳар бегоҳ чун дигар бачаҳои деҳ ба пешвози буэамон рафтам.Он рӯз онро дарёфт накардам. Ба хонаи чӯпон рафта аз набуди бузак дарак додам. Чӯпон ба ман фаҳмонд,ки модарам онро фурухтааст.Назди модар омадам ва сабаби фурухтани бузакро пурсидам.Модар бо дидаи пурнам ба сӯям 30 сум дароз карда гуфт,ки бузакро дар ҳақиқат фурухтам, ана ин пулро гиру ба ягон нафари ба шаҳрмерафтагӣ дучарха таъин кун.

Аз шодӣ тамоми шаб хоб накардам. Пагоҳии барвақт ба истгоҳи мошин баромада аз чанд нафар хоҳиш кардам,ки аз шаҳри Уротеппа дучарха биёранд.Ҳама рад мекарданд.Чаҳор саҳар ба истгоҳ рафта ноумед баргаштам. Дилам хеле танг шуд.Модар бо дилбардорӣ мегуфтанд, ки Иншооллоҳ ягон инсони неки Худо пайдо мешаваду мушкиламонро осон мекунад.Вале ҳайҳот.

Шаб сарро ба болин гузошта ба андешае омадам ва азм кардам ,ки ба дигар орзуи аробахариро нахоҳам кард. Дилам ҳам ба худаму ҳам ба модари муттакоям сӯхт.

Саҳар аз хоб хестам,ки модар дар ҷумбуҷули тоза кардани ҳавлиамон асту кадом ғазалеро зери лаб замзама дорад ва маро дидан ҳамоно -пурсданд,ки боз ба сари роҳ мебароӣ ?

– Не,гуфтам,ба мағоза меравам ва аз дукондор хоҳиш мекунам,шояд у кумак кунад,гуён бадар рафтам. Модар чизе нагуфтанд.

Соати 9 мағоза дарашро боз кард.Ба мағозачӣ амаки Мулломирзо салом додаму хоҳиш кардам ба қадам чен карда як костюм диҳад. Ӯ дарҳол аз раф чанд намуди пиджакҳоро гирифта ба китфонам гузошта яке аз онҳоро ҳамин мешавад,гӯён суям дароз кард. Бар болояш як туфлӣ ҳам монд.

Шодикунон ба хона баргаштам.

Тобистон ,бекориву беҳуда- беҳуда гаштанҳо ба дилам зад .

Дар бари масҷидамон як ҳуҷрае буд,ки онро барои ошпазӣ бунёд карда буданд,ба Аёбҷон,ки касби музадӯзиро омухта буд,доданд,то онҷо хизмати мардумро кунад. Ман аз усто Аюбҷон хоҳиш кардам,ки маро ба шогирдӣ гирад. Розӣ шуд.Аз ҳамон дам ғами беҳбудии зиндагиро мехурдагӣ шудам. Бегоҳ аз кор боз шабона хизмати ҳамдиёриҳоро ба ҷо меовардам( маҳсиву музаҳои даридаро таъмир мекардам) ва муздашро гирифта ба рузгор сарф мекардам.

Бо ҳамин рузҳову солҳо сипарӣ шуданд,ман синфи даҳумро хатм кардам .Мехостам ба Донишкада равам,чун мактабро бо баҳоҳои хубу аъло хатм карда будам, вале ҳамон замонҳо ҳам порахурӣ мисли имруза ба дараҷаи олиаш расида буд. Бо яке аз ҳамсинфонам,ки Эшон ном доранд ба Душанбе рафта ҳуҷҷатҳоямонро ба омузишгоҳи касбӣ супорида чанд муддат онҷо таҳсил карда ба маркази ноҳияамон Ғончӣ омада бо косибҳо ба шогирдӣ истодем Хуллоса ба он касб мушарраф шудем чандин солҳо хизмати мардумро кардем.Оиладор шудам ва соҳиби се писар гаштам ва ончи онҳо аз ман орзу мекарданд,хоҳишҳояшонро ба ҷо меовардам.

Аз он ҷумла ба ҳар сеяш се дучарха туҳфа кардам. Баъд Донишкадаву мактабу ғарибиву дигару дигарҳо…

Даҳ сол мешавад,ки дар ҷое кор мекунам.Роҳ дур аст.Ҳамон роҳро ҳар субҳ пиёда тай мекунам. Пас аз панҷоҳ сол ҳамон хоҳиши дучархагирӣ ба сар омад. Тариқи компонияи “Оzon” як дучарха заказ намудам.

Пас аз як моҳ аз мамлакати Чин соҳиби дучархаи электрикӣ гаштам. Кушода бинам ,ки латхурдагӣ…

Хостам ба ақиб,яъне ба соҳиби мол баргардонам.У ризо шуд.Ба ҷое,ки посилкаро онҷо гирифта будам,муроҷиат кардам,онҳо ҳам розигӣ доданд.Танҳо бо пули аз нархи гирифтаам якуним баробар қиммат…

Ба 31ҳазору 300 рубл харидам ,обратно ба 41 ҳазор рубл…

Ҷои нуқсонашро ҳаиинҷо ҷо ба ҷо намуда ду ҳафта инҷониб истифода мебарам.

Осуда бихоб,модари азиз,ман ба муроди дил расидам.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button