Илму фанноварӣФарҳангҶомеа

39 УСТОДИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ СОҲИБИ МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИДМАТӢ ШУДАНД (9 АКС)

Ба 39 тан аз устодон ва кормандони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе дар хобгоҳи №7-и ин донишгоҳ манзили истиқоматии хидматӣ додаанд. Маросими мутантани супурдани ин манзилҳо субҳи 17 июни соли 2023 бо иштироки ректори ДМТ Қобилҷон Хушвақтзода, муовини сарвазири Тоҷикистон Матлуба Сатториён ва дигар шахсони расмӣ дар саҳни хобгоҳи №7 дар кӯчаи Нахимов, бино № 64/7 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Хадамоти матбуоти ДМТ бо нашри 9 акс аз ин маросим хабар дод, ки хобгоҳи №7-и Донишгоҳи миллӣ, воқеъ дар кӯчаи Нахимов, баъд аз таъмири асосӣ барои 39 нафар омӯзгор ва корманди ҷавони донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хидматӣ супорида шуд.

Бино ба ин гузориш, дар Донишгоҳи миллӣ мутахассисони варзида аз ҷумлаи ассистентон, муаллимони калон ва як зумра омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба фаъолияти таълимию методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, дар пойтахт соҳиби манзили истиқоматӣ нестанд.

“Бо ин мақсад баъд аз таъмири капиталии хобгоҳ ва азнавсозии он раёсати донишгоҳ барои 39 нафар аз омӯзгорон ва кормандони ҷавон хонаҳои хизматиро барои истифода омода намуд”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Хобгоҳи №7 дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт воқеъ буда, соли 1973 дар масоҳати умумии 2542,8 метри мурабаъ сохта шуда, то оғози соли 2023 ҳамчун хобгоҳи донишҷӯён истифода мешуд. Моҳи январи соли 2021 дар шаҳраки донишҷӯён дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, хобгоҳи иборат аз 12 ошёна барои зиёда аз 1000 нафар донишҷӯ сохта ва ба истифода дода шуд. Дар пайи ин донишҷӯёнеро, ки дар хобгоҳи №7 истиқомат доштанд, ба хобгоҳи нав ва хобгоҳи № 6 кӯчонида, дар хобгоҳи №7 ба таъмири асосӣ шурӯъ карданд.

Хобгоҳи №7 аз 4 ошёна иборат буда, мувофиқи хулосаи ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП” – “Оид ба санҷиши ҳолати техники иншоот” сифати бинои мазкур ба талаботи меъёри сохтмон ҷавобгӯ буда, табдил додани он аз бинои хобгоҳи донишҷӯён ба ҳуҷраҳои истиқоматии омӯзгорон баъди азнавсозӣ имконпазир будааст. Хадамоти матбуоти ДМТ таъкид кардааст, ки “бинои хобгоҳ минбаъд хусусӣ гардонида нашуда, ҳамчун хобгоҳи хизматии омӯзгорону кормандон дар тавозуни донишгоҳ нигоҳ дошта мешавад”.

Маъмурияти ДМТ манзилҳои истиқоматии се оилаи кормандонашро, ки фарзандони маъюб доранд, ҳамчунин баъзе таҷҳизоти муҳими рӯзгор таъмин кардааст.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 8 хобгоҳ аст ки се хобгоҳ (хобгоҳҳои №1, 2 ва 7) барои омӯзгорону кормандон, яке барои аспирантон (хобгоҳи 4) ва хобгоҳи №3 барои гузаронидани машғулиятҳои дарсии факултаи тиббӣ пешбинӣ гардидааст. Хобгоҳҳои № 5, 6 ва 8 барои донишҷӯён пешбинӣ шудаанд.

Расо як сол қабл дар таърихи 09.06.2022 дар хобгоҳи №1-и донишгоҳ 39 тан аз кормандону омӯзгорони ДМТ соҳиби манзили истиқоматӣ шуда буданд. Ба ин тартиб, дар як сол қариб 80 нафар аз устодону кормандони ДМТ соҳиби манзил шуданд, ки ба навиштаи хадамоти матбуоташ, дар таърихи ин донишгоҳ рухдоди камназир аст.

Ректори кунунии ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 41 сол дошта, яке аз ҷавонтарин ректорҳои мактабҳои олии Тоҷикистон аст. Ӯ 5 июни соли 1982 дар ноҳияи Данғара дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, соли 2004 риштаи баҳисобгирии иқтисодии Донишгоҳи миллиро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм кардааст. Қобилҷон  Хушвахтзода, ки қаблан декани риштаи молиявию иқтисодии ДМТ буд, 27 январи соли 2020 ректори ДМТ таъйин шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button