Рӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР САРИ ХОСОР ЧӮПОН БА 800 МЕТР ҶАРӢ АФТОД, ДАР ШУҒНОН ЗАНИ МУСОФИРИ МОШИНИ БА ДАРЁИ ПАНҶ АФТОДАРО МЕҶӮЯНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 16 июни соли 2023 дар ҷумҳурӣ боз ду ҳодисаи нохуш рух дода, сабаби марги инсонҳо шудааст.

Аз ҷумла субҳи 16 июн, соати 08:00, сокини 63-солаи деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара, ҳангоми чаронидани чорво дар мавзеи кӯҳии Зоғкалон  дар кӯҳҳои атрофи деҳаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба ҷарии чуқуриаш тақрибан 800 метр афтода, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Кормандони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Балҷувон барои ҷустуҷӯи ҷасади ин мард гуруҳи ихтиёриёнро ташкил дода, онҳо ҷасади чӯпонро аз он ҷарӣ берун баровардаанд.

Кумита дар робита ба ин ҳодиса аз мардуми чорводор хостааст, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳо, бахусус дар чарогоҳҳои кӯҳӣ аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд.

Ҳамчунин нисфирӯзии 16 июн, тақрибан соати 12:30,мошини ҷипи тамғаи “Тойота РАВ4” таҳти идораи сокини 43-солаи деҳаи Сипинзи ҷамоати Сӯчони ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ дар ҳудуди деҳаи Шидзи ҷамоати ба номи Абдулвосиев ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Ҳангоми ин ҳодиса дар ин мошин як зани мусофири 39-солаи низ сокини деҳаи Сипинз сафар доштааст.

Ронанда тавонистааст баъди ба дарё чаппа шудани мошинаш худро аз мошин бароварда, ба соҳил бирасонад ва наҷот биёбад. Наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшон ба ҷои ҳодиса омада, то мошини ғарқшуда расидан, вале занро аз дохили он пайдо накарданд. Мошинро бо кумаки бандҳои оҳанин (трос) ва кран аз об берун овардаанд. Ҷустуҷӯи зани ғарқшуда идома дорад.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз роннадагон хостааст, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя карда, ба вижагиҳо роҳ таваҷҷуҳ кунанд ва ҳайти худу мусофирони худро ба хатар нагузоранд.

Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми бевақти 14-уми июни соли 2023, тахминан соати 21:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Шокиров Наҷибулло Маҳмадзаробович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Файзобод-Ваҳдат”, дар ҳудуди деҳаи Андигон дар канори шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳиров Маҳмадалӣ Ғуломалиевич, соли таваллудаш 1987, сокини маҳаллиро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Тоҳиров М.Ғ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ  ҷон додааст.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай беш аз 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button