ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲодиса

4 ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: РОНАНДАИ ТОҶИК ИЛҲОМҶОН ШОДИЕВ ДАР АМРИКО КУШТА ШУД

Ронандаи 37-сола аз Тоҷикистон Илҳом (Илҳомҷон) Шодиев, ки 5 сол боз дар аёлати Каролинаи шимолии Амрико ба сар мебурд ва дар ширкати бузурги “Амазон” ба ҳайси ронандаи мошини боркаш (фура) кор мекард, нисфирӯзии панҷшанбе, 15 июни соли 2023 дар шаҳри Лэтропи аёлати Калифорния дар ғарби Амрико ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Ӯро бо чанд захми тир ба беморхона интиқол додаанд, вале табибон Илҳомҷонро аз чанги марг наҷот дода натавонистанд. Кристи Паттерсон, намояндаи ташхисгоҳи додгоҳию биттии ҳавзаи Сан-Хоакин, рӯзи ҷумъа, 16 июн тасдиқ кард, ки Илҳомҷон Шодиев бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон дод.

Лэтроп, маҳалли ин ҳодиса, шаҳри хурде бо наздики 30 ҳазор аҳолист, ки дар ҳавзаи Сан-Хоакин, дар тақрибан 125-километрии шарқи шаҳри Сан-Франсиско ва 15-километрии ҷануби Стоктон ҷойгир шудааст.

Рубен Ҷонс, намояндаи пулиси роҳи Калифорния дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки Шодиевро аз як мошини дигари раҳгузар дар шоҳроҳи Interstate 5 парондаанд. Баъди ин ҳодиса ҳаракат дар ин шоҳроҳ дар тӯли чандин километр то бегоҳи 15 июн қатъ шуда буд, чунки пулис ва дигар ниҳодҳои тафтишотӣ ба таҳқиқи ҷои ҳодиса банд буданд.

 “Тақрибан соати 12:48 Шодиев бо мошини боркаши ширкати “Амазон” дар шоҳроҳи Interstate 5 байни шоҳроҳи 120 ва Ист-Луиз-авеню дар Лэтроп аз роҳ берун шуда, ба ду мошини дигар дар канори роҳ ва сипас ба як бино бархӯрд”, – хабар дод Рубен Ҷонс.

Баъди чанде шоҳидони зиёде ба пулис занг зада, хабар додаанд, ки пеш аз ин садама тирпаронӣ шудааст. Мақом от тасдиқ карданд, ки Илҳомҷон Шодиев ҳангоми дар сари чанбари фармони мошин қарор доштанаш чанд тир хӯрдааст.

Алиса Кэрролл, намояндаи ширкати “Амазон” бо изҳори таассуф аз ин ҳодиса гуфт: “Хабари марги ӯ моро сахт маъюс кард. Ҳама фикру зикри мо дар ин лаҳзаҳои сахт бо аҳли хонаводаи ӯст. Мо ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таҳқиқи ин ҳодиса давом медиҳем”.

Пулис мегӯяд, то ҳол дар бораи шахсияти нафаре, ки тир холӣ кард ва сабабҳои ин тирпаронӣ ягон маълумот ё фарзияе дар даст надорад. Муайян карда шудааст, ки тирандоз дар курсии пеши мусофири мошине нишаста буд, ки он мошин ҳам бо мошини Шодиев ба як тараф ҳаракат дошт. Пулис феълан намедонад, ки ронандаи тоҷик қурбонии тасодуфии муноқишаи байни дигарон шудааст ваё пеш аз ин тирпаронӣ гапаш бо онҳое, ки ба сӯяш тир заданд,  ба сабабе гурехта буд.

Пулиси Калифорния аз ҳамаи ронандагоне, ки рӯзи панҷшанбе байни соати 12:30 то 14:00, дар гирду атрофи маҳалли ҳодиса ҳаракат мекарданд, хостааст, бо рақами +1 (916) 731-6580  ваё бевосита ба Рубен Ҷонс дар пулиси Стоктон бо рақами +1 (209) 938-4800  занг зананд ва сабтҳои видеорегистраторҳои худро ба пулис бидиҳанд.  

“Агар шумо сабтҳое дошта бошед, пулис мехоҳад ин сабтҳоро бубинад ва таҳқиқ кунад. Сарфи назар аз он ки дар он сабт ягон далеле ҳаст ё нест, ҳар сабт, ҳар далели ҳатто ночиз барои пеш бурдани ин таҳқиқот ва муайян кардани мошини тирандозон метавонад муҳим бошад”, – гуфтааст Рубен Ҷонс.

Дар бораи кушта шудани ронандаи тоҷик дар аёлати Калифорния аксари расонаҳои умдаи Амрико, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии CBS ва ABC, гузоришҳои муфассал доданд.

Илҳомҷон Шодиев 37 сол дошта, фарзанди Бердимурод Шодиев аз ноҳияи Шаҳритӯс дар ҷанубуғарби Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2018 бо лотерея гринкарта бурда, ҳамроҳи хонаводааш ба Амрико кӯчид ва дар инҷо ба ҳайси ронандаи мошини боркаш кор мекард.

Дар тақрибан ҳамаи аксҳояш Илҳомҷон бо фарзандони худ акс гирифтааст. Наздиконаш мегӯянд, ки Илҳомҷон фарзандонашро хеле дӯст медошт ва фақат барои онҳо мезисту кор мекарду нафас мекашид. Ҳоло ҷамъияти тоҷикони Амрико маъракаи ҷамъоварии кумак ба хонаводаи Илҳомҷон Шодиевро ба роҳ андохтаанд. Ба онҳо муяссар шудааст, ки дар байни ҳамагӣ як рӯз танҳо дар платформаи Gofundme 33 ҳазору 600 доллар кумак ҷамъ биоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button