ДИГАР НАМЕФАҲМЕД, КИ ТӮЙ АСТ Ё МОТАМ? ТОЛИБОН НАВОХТАНИ МУСИҚИРО ДАР ТӮЙҲО МАНЪ КАРДААНД

Толибон бори дигар ба соҳибони меҳмонхонаҳои арӯсӣ дар шаҳри Кобул амр доданд, ки дар тӯйҳо аз навохтани мусиқӣ худдорӣ кунанд.

Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари Толибон бо нашри баёнияе гуфтааст, ки ин тасмими манъи навохтани мусиқӣ дар тӯйҳоро ба таври муштарак якҷо бо вазорати адлия гирифтаанд.

Дар эълони ин вазорат омадааст: “Дар ҷаласаи баррасии тӯйхонаҳо масъулини вазорати адлия аз соҳибони меҳмонхонаҳо хостаанд, ки аз навохтани мусиқӣ ва корҳои хилофи меъёрҳои исломӣ худдорӣ кунанд.”

Толибон ба тӯйхонаҳои арӯсӣ ҳушдор додаанд, ки ин масъаларо пайгирӣ хоҳанд кард ва бо қонуншиканон муборизаи ҷиддӣ хоҳанд кард.

Дар пайи дубора расидани Толибон ба қудрат дар Афғонистон, ин ҳаракати тундрав ба сари шаҳрвандон қонунҳои сахт ҷорӣ кардааст.

Қабл аз ин Толибон борҳо аз соҳибони меҳмонхонаҳои арӯсӣ ба таври шифоҳӣ хоста буданд, ки дар тӯю маъракаҳо бо садои баланд мусиқӣ нанавозанд.

Сокинони Кобул мегӯянд, бе ин ҳам бо маҳдудиятҳои қаблан ҷорикардаи Толибон тӯйҳо дар Афғонистон шабеҳи маросими мотам шуда буд ва кас фарқ намекард, ки дар маросими арӯсӣ иштирок дорад ё дар маъракаи мотам.

Аммо ба гузориши нашрияи “8 субҳ”, иддаъоҳое вуҷуд доранд, ки ширкаткунандагони шабнишиниҳо дар тӯйҳои арӯсӣ дар Кобул ба маъмурони амниятии Толибон барои навохтани мусиқӣ дар шабнишиниҳои худ фидя, ё ба қавли дигар, “доля” медиҳанд.

Толибон баъди дубора расиданашон ба қудрат дар Афғонистон дар баробари маҳрум кардани занону духтаронро аз таҳсил, таҳсил ва кор, ҳузури онҳоро дар боғҳои тафреҳӣ ва тарабхонаҳо ва сафарҳои бидуни ҳамроҳии ягон нафари маҳрам низ манъ карда ва ҳамчунин барои кормандони давлатӣ гузоштани риш ва пӯшидани кӯлоҳро амри ҳатмӣ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button