ОШКОР ШУДАНИ ЧОР ДУЗДӢ ДАР РӮДАКӢ, ТУРСУНЗОДА ВА ДӮСТИВУ ИСТАРАВШАН ВА ЯК ҚАЛЛОБӢ ДАР БОЗОРИ “КОРВОН”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 16.06.2023

Ифшо гардидани якчанд ҷинояти дуздӣ

14

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми июни соли 2023, тахминан соати 19:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз лаби дарёи “Кофарниҳон” як сар чорвои калони шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 27-солаи сокини ҳамин ноҳия бо ҳамроҳи рафиқаш “Самандар” ном шахс содир намудаанд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 39-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 13-уми июни соли 2023, тахминан соати 17:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дучархаи шахсиаш тамғаи “Скутерашро” ки дар канори роҳи мошингард беназорат истода буд, дуздида аз ҷойи ҳодисаи ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия писарбачаи ноболиғи 14-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Дустӣ аризаи зани 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 30-юми майи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Инфиникс”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36 ва марди 29-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамин тариқ, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати писарбачаи ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Истаравшан оғоз карда шудааст, ки ӯ 24-уми майи соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, аз хонаи истиқоматии марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур 12 ҳазор сомониро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

123

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 39-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2023 дар ҶДММ «Корвон», зани 30-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 48 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ бармегардонад аммо то ҳол фиреб карда гаштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button