ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ АЗ ФАРОНСА ХОСТАНД, КИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИНРО БА ТОҶИКИСТОН НАСУПОРАД
Кумитаи Ҳелсинскии Норвегия, як созмони ҳомии ҳуқуқ дар изҳороти вижае, ки 15 июни соли 2023 нашр кард, гуфт, Фаронса набояд дархости мақомоти Тоҷикистон дар мавриди истирдоди журналисти мустақили тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин (Садурдинов)-ро иҷро кунад. Ҳомиёни ҳуқуқ муътакиданд, ки иттиҳоми қаллобӣ ба зидди сардабири пойгоҳи оппозитсионии “Ислоҳ” як ҳила буда, ӯро дар Тоҷикистон азобу шиканҷа ва ҳукми зиндони тӯлонӣ таҳдид мекунад.
Ахиран хабар расид, ки додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзҳои 18-19 сентябри соли 2023 дар Порис бо роҳбарони вазоратҳои корҳои дохиливу адлия ва Додситонии миллии зиддитеррори Фаронса мулоқот кунад. Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, як ҳадафи аслии Юсуф Раҳмон дар ин сафар бо мақомоти Фаронса дар миён гузоштани масъалаи истирдоди Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки аз соли 2017 дар Фаронса паноҳ мебарад ва инак 6 сол боз аз ғурбат пойгоҳи “Ислоҳ”, яке аз тарҳҳои матбуотии аз ҳама муваффақи оппозитсияи тоҷик дар Аврупоро раҳбарӣ мекунад. Видеоҳои канали “Ислоҳ ТВ” дар Ютуб ҳар кадом садҳо ҳазор тамошобин доранд.
Расман мақомоти Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддинро ба қаллобӣ ба маблағи 430 ҳазор доллар айбдор мекунанд ва бо ҳамин иттиҳом таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ ин иттиҳомро танҳо як ҳила мешуморанд, то ба истирдоди ӯ ноил шаванд.
Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия менависад, Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳайси сардабири “Ислоҳ” ба яке аз мунтақидони сарсахту ошкор ва ангуштнамои ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт ва бо ошкор кардани коррупсия дар ҳукумат ва поймол кардани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ном баровард. Ба ин далел, менависанд ҳомиёни ҳуқуқ, мақомотии Душанбе чандин сол боз талош доранд, то аз Муҳаммадиқболи Садриддин ниқор бигиранд ва даҳони ӯро бубанданд.
Худи ӯ гуфтааст, талошҳои мақомот барои таъқибаш бавижа баъди кушодани канали “Ислоҳ ТВ” дар Ютуб дар соли 2019 авф гирифт ва соли 2020 ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ ба ҷустуҷӯ доданд. Муҳаммадиқболи Садриддин ин иттиҳомро “бофта” меномад.
Дар солҳои охир дар Тоҷикистон дастикам 5 нафар бо ҷурми ба идораи “Ислоҳ” фиристодани маълумот маҳкум ба зиндон шуданд. Ҳангоми баррасии парвандаҳои ин афрод мақомот гуфтанд, ки “Ислоҳ” як бахши ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) аст ва аз ин рӯ, ҳар навъ иртибот бо “Ислоҳ” ҳамчун ҷиноят таъбир мешавад.
Берит Линдеман, дабири кулли Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфт: “Режими ҳоким дар Тоҷикистон дар тӯли солҳои зиёд ба сурати оммавӣ мунтақидонро дар кишвар маҳкум ба зиндон карда, мухолифони худро дар хориҷ таъқиб мекунад. Таҷрибаи кори мо ба таври рӯшан нишон медиҳад, ки ҳар дигарандеше, ки ба дасти мақомоти Тоҷикистон меафтад, ба хатари зиёди шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ ва ҳамчунин ба ҳукми зиндон бо ҷурмҳои сиёсӣ дучор мешавад. Фаронса наметавонад Муҳаммадиқболи Садриддинро иҷборат ба Тоҷикистон баргардонад, чунки асли ихроҷ накарданро поймол хоҳад кард”.
Асли ихроҷ накардан як меъёри роиҷ дар кишварҳои демократии дунёст, ки маъмулан аз ихроҷ ё истирдоди афроди паноҳҷӯ ё таҳти ҷустуҷӯ ба кишварҳое, ки хатари шиканҷаву бадрафторӣ зиёд аст, худдорӣ мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддинро барои қаллобие ҷустуҷӯ доранд, ки гӯё соли 2010 содир шудааст. Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, гӯё Муҳаммадиқболи Садриддин он вақт дар чорчӯби кадом як нақшаи машкуки сармоягузорӣ се шаҳрвандро ба маблағи 430 ҳазор доллар фиреб додааст. Худи ӯ мегӯяд, ин иттиҳом ангезаҳои сиёсӣ дорад ва мақсад ба ҳар роҳе бастани даҳони ӯ аз интиқоди мақомот аст.
Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ин ягона мавриди истифодаи иттиҳоми қаллоӣ ба зидди мунтақидон ва мухолифони ҳукумат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон нест. Ин ниҳод дастикам 8 чунин мавриди бо иттиҳоми қаллобӣ зиндонӣ кардани мунтақидон, аз ҷумла адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро рӯйхат кардааст. Расонаҳо ҳамчунин ёдовар шудаанд, ки ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон низ бо айни иттиҳоми қаллобӣ аз Русия истирдод гардида, дар Тоҷикистон ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.
Муҳаммадиқболи Садриддин гуфтааст, ки ӯ алакай 11 сол боз таҳти таъқиби мақомоти Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ ба Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия гуфт соли 2012, вақте огоҳаш карданд, ки боздошт мешавад, тарки Тоҷикистон кард ва аввал ба Қирғизистон паноҳ бурд. Соли 2015 мақомоти амниятии Қирғизистон ӯро дастгир карданд ва ҳушдор доданд, ки агар тарки ин кишвар накунад, ӯро ба Душанбе хоҳанд супурд. Муҳаммадиқболи Садриддин аз онҷо ба Қазоқистон рафт, вале вақте фаҳмид, ки дар Қазоқистон низ хатари боздошташ зиёд аст, ба Беларус рафт. Дар Беларус низ ӯро як муддат боздошт карданд. Танҳо дар соли 2017 Муҳаммадиқболи Садриддин тавонист ба Фаронса паноҳ биорад ва дар инҷо сомонаи “Ислоҳ”-ро ташкил кунад.