ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХУРОСОН ВА ДАР МАРКАЗИ ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 14 июни соли 2023  дар ду садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон ва дар маркази пойтахт ду нафар: ронандаи чилсола ва кӯдаки ҳафтсолаи пиёдагард ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла субҳи барвақти 14-уми июни соли 2023, тахминан соатҳои 05:10, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Вектра”, Бегматзода Далер Куван, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ ба канори рости роҳ баромада, ба садама дучор шудааст. Дар натиҷа,  худи ронанда Бегматзода Д. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамон рӯзи 14-уми июн, тахминан соати 13:30, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай-Аккорд», Азизов Абдуллобек Бахтиёрович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Сомонии пойтахт аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Сино ҳаракат намуданаш дар рӯбарӯи бинои «Кохи Наврӯз» пиёдагарди ноболиғ, Муҳидинова Зуҳро, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст. Дар натиҷа, ин тифл ба саломати ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст. ВКД меафзояд, ки Зуҳро Муҳиддинова аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас ва бистарӣ карда шуд, вале мутаассифона, табибон ӯро аз чанги марг наҷот дода натавонистанд ва ин кӯдак баъди тахминан як соат ҷон додааст.

ВКД гуфт, таҳқиқи ин ду ҳодиса идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай беш аз 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button