ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕЛҲОИ ХАРОБИОВАР ДАР НИМИЧУ ЯХЧУ АРЧАКАППА ВА 4 ҚИТЪАИ РОҲИ ЛАБИҶАР – САНГВОР (4 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 14 июни соли 2023 бар асари боришот дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ чандин мавриди шамолҳои сахт ва селҳои харобиовар рух додааст. Ин ниҳод гуфт, дар ин офатҳо, хушбахтона, касе осеб надидааст.

Аз ҷумла шоми 14 июн, соати 20:16 дар ҳудуди деҳаи Нимичи ҷамоати Ҷафри ноҳияи Рашт сел омадааст ва дар натиҷа, 5 бинои истиқоматӣ, 20 ҳавлӣ ва 5 гектар замини кишт зери об монда, 10 сар чорвои калон ва 20 сар чорвои хурди сокинон дар ин сел нобуд шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рашт барои ҳисобу китоби маблағи зарари расида ба сокинон ва хоҷагиҳо дастабакор шудааст.

Нимаи дуюми рӯзи 14 июн, соати 12:40 дар километри 250-уми роҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш, дар мавзеи Арчакаппаи ҷамоати Сурхоби ноҳияи Лахш, ба сабаби боло рафтани ҳарорати ҳаво сел омад ва маҷрои дарёи Сурхобро баст. Дар натиҷа об тақрибан 350 метри роҳро шуста, ду сутуни барқу алоқа ва қариб 300 метр ноқилро хароб кард. Кумитaи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки оқибатҳои ин офати табиӣ алакай рафъ шудааст ва касе осеб надидааст.

Шоми 14 июн, соати тақрибан 20:36 боришоти шадид боиси фурӯ рехтани сел дар ҳудуди деҳаи Яхчи ҷамоати ба номи Изатулло Ҳалими ноҳияи Нуробод шуд. Сел роҳи мошингарди дохили ҷамоатро баст. Дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Нуробод кор мекунад, рафъи оқибатҳои сел идома дорад. Ин сел хисороту талафоти дигар надоштааст.

Шоми 14 июн, соати 19:57 сел 4 қитъаи роҳи Лабиҷар – Сангвор (собиқ Тавилдара) –ро дар километрҳои 9-ум, 27-ум, 39-ум ва 55-ум шуста, боиси манъи равуои мошинҳо шуд. Хадамоти роҳи вазорати нақлиёт ба рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ машғул аст. Касе осеб надидааст.

Ҳамчунин рӯзи 14 июн шамоли сахт боиси кандани боми хонаҳо ва афтидани дарахтҳо дар пойтахт, шаҳри Душанбе шуд. Аз ҷумла сокинони биноҳои  №64, №68, №93 аз кӯчаи Фирдавсӣ занг зада, дар бораи дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтани бомҳои хонаҳояшон хабар додаанд. Навбадорони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса рафта, бо истифода аз васоили махсус хатари фурӯ рехтани ин бомҳоро бартараф кардаанд.

Чунин зангҳо аз ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур низ ба даст расида, наҷотбахшон ҳамчунин дар назди мағозаи “Зебо” дар ноҳияи Фирдавсӣ як дарахти бузургро, ки ба болои роҳ афтода, роҳро баста буд, аз байн бардоштанд.

Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯзи 14 июн бо мақсади аз байн бурдани хатари раъду барқу жола дар Ҳисору Ваҳдат  ва Хуросону Ёвону Данғара 50 мушаки “Алазан” задаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button