ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САРИВАҚТ БО ДУРБИН ДИДАНД: НАҶОТИ ЯК ҶАВОН АЗ ҒАРҚШАВӢ ДАР “БАҲРИ ТОҶИК”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 14 июни соли 2023, тақрибан соати 18:20, наҷотбахшони навбатдор аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд тавассути дурбин мушоҳида кардаанд, ки як нафар ҳангоми оббозӣ дар “Баҳри Тоҷик”, дар наздикии осоишгоҳи “Соҳил” ба як минтақаи хатарнок шино карда, алакай ғарқ шуда истодааст. Наҷотбахшон ба таври фаврӣ худро то ҷои ҳодиса расонда, ин нафарро аз гирдоб берун кашидаанд. ИН нафар як ҷавони 20-сола аз ноҳияи Зафаробод будааст. Баъди расондани кумаки аввали тиббӣ, ӯ аз рафтан ба беморхона даст кашидааст.

Чанд рӯз пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз наҷоти як наврас хабар дода буд, ки дар ҳавзи Чорбоғ дар канори Душанбе аз соҳил хеле дур шино карда, қариб ғарқ мешуд.

Вале дар чунин мавридҳо барои наҷоти инсон аз ғарқшавӣ сухан дар бораи сонияҳо меравад ва мутаассифона, наҷотбахшон на ҳамеша қодиранд ба кумаки ғарқшудагон бирасанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки рӯзи 12-июни соли 2023 ба иллати риоя накардани қоидаҳои оббозӣ дар дарёи Сир сокини 41-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ғарқ шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз сокини 34-солаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар обанбори нирӯгоҳи Сангтӯда ба ҳалокат расид.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ ҷасадҳои ғарқшудагонро пайдо карда, ба хешовандонашон супурданд.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон хост, вақти оббозӣ ва будубош дар соҳили кӯлу дарёҳо қоидаҳои бехатариву амниятро ҷиддан риоя намояд ва дар маконҳои мамнӯъ барои оббозӣ, ё танҳо, ваё дар ҳолати мастӣ ё шабҳангом ба об надароянд.

Ба ҳисоби ин ниҳод, аз аввали сол то 12 июни соли 2023 дар ҷӯю каналҳо ва дарёву ҳавзу кӯлҳои Тоҷикистон 56 нафар ҳалок шудаанд, ки 33 нафари онро кӯдакону ноболиғони то синни 16 ташкил медиҳанд. Дар нимаи аввали соли 2022 дар обҳои Тоҷикистон 84 нафар, аз ҷумла 38 ноболиғ ғарқ шуда, дар давоми соли 2022 шумораи ғарқшудагон дар умум 160 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумор 80 нафараш кӯдакону ноболиғони то синни 16 буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода чунин тавсия медиҳад:

— фарзандони худро шиноварӣ омӯзед ва чун дар соҳили обҳо қарор доред, онҳоро беназорат нагузоред;

— дар маконҳои ношинос оббозӣ накунед;

— дар ҷойҳое, ки нишонаҳои огоҳкунандаи мамнуъ будани оббозӣ овезон карда шудаанд, оббозӣ накунед;

— дар ҳолати мастӣ вориди об нашавед;

— пеш аз он ки вориди об шавед, ба худ ва фарзандонатон камзӯлҳои шиноварӣ пӯшонед. Агар ин гуна имкон надоред, пас талош кунед, дар ҷойҳое оббозӣ кунед, ки бехатар бошанд;

— дар дохили об бозӣ накунед, бахусус аз амалҳое ба мисли дасту пои ҳамдигарро доштану кашидан худдорӣ намоед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button