ВидеоИқтисодЧеҳраҳо

ПАРВИЗ ТАҒОЕВ, КОРМАНДИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН БЕҲТАРИН МУТАХАССИСИ СНГ ДОНИСТА ШУД

Корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон Парвиз Тағоев ғолиби Озмуни байналмилалии  «Беҳтарин  мутахассиси Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ, СНГ) дар соли 2023» дар номинатсияи  хизматчии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гардида, бо дипломи дараҷаи 1, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи ғолиби ин озмун қадрдонӣ шуд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 14 июни соли 2023 хабар дод, ки озмун таҳти унвони «Беҳтарин мутахассиси Иттиҳоди давлатҳои мустақил-2023» аз рӯи 21 номинатсия бо ибтикори вазорати маориф ва илми Қазоқистон ҳамроҳ бо «Ҳаракати умумихалқии Бобек» барои муайян кардани беҳтарин мутахассисону кормандон байни кишварҳои СНГ баргузор шуда буд.

Дар ҷамъбасти озмун Парвиз Тағоев дар номинатсияи  хизматчии давлатӣ ва хизматчии ҳифзи ҳуқуқи озмуни мазкур  беҳтарин дониста шуд.

Парвиз Тағоев аз кормандони собиқадори соҳаи гумруки Тоҷикистон ба шумор рафта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле фаъол аст ва асосгузору гардонандаи чандин гуруҳу саҳифаҳоест, ки асосан тарафдорони президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро муттаҳид мекунанд.

СНГ, ё Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар авоили солҳои 90 дар пайи фурӯпошиии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, 9 кишвари Шӯравии собиқ: Русия, Беларус, Арманистону Озарбойҷон ва 4 кишвари Осиёи Марказӣ: Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Туркманистон узви вобастаи СНГ аст, вале асноди онро то ҳол пурра тасвиб накарда, узви комили ин созмон нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button