ВидеоДин ва боварҳо

ЯК ҶАВОНЗАНРО ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ БАРОИ ТАЪЛИМИ “ҚУРЪОН” ҶАРИМА БАСТААНД

Додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) дар ҷанубуғарби Тоҷикистон як зани 26-солаи модари ду фарзанд аз деҳаи Шаҳдрези ҷамоати Ҷиликӯлро бо ҷурми ба як духтари хурдсоли ҳамсояаш таълим додани китобҳои “Қуръон” ва “Қоидаи Бағдодӣ” ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 680 сомонӣ, ё тақрибан 60 доллар ҷарима бастааст.

Дар ин бора Латофат Ҷаъфарзода, раиси додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ рӯзи 10 июни соли 2023 дар як матлаб дар “Хатлон”, нашрияи расмии ҳукумати вилояти Хатлон  хабар дод.

Худи ин ҷавонзан барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба иттилои Латофат Ҷаъфарзода, Самиева Нозанин Абдухолиқовна, санаи таваллудаш 29 апрели соли 1997,  модари ду фарзанд, сокини деҳаи Шаҳдрези ҷамоати Ҷиликӯл, аз 31 январи соли 2023 то 5 феврали соли 2023 бар хилофи талаботи қисми 4, моддаи 8-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар манзили истиқоматиаш бидуни доштани иҷозатнома ба ноболиғ Ҷабборова Зулфия Абдулғаниевна, хонандаи синфи дуюми мактаби миёнаи №43-и ноҳияи Дӯстӣ ғайриқонунӣ таълими динӣ медод ва бо ин амалаш талаботи моддаи 474, иловаи 2, қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст.
Ҷаъфарзода мегӯяд, ки Нозанин Самиева дар мурофиа худро гунаҳкор хонд ва иқрор кард, ки дар ҳақиқат лар тӯли беш аз 2 сол дар хонааш ба Ҷабборова Зулфия аз китобҳои динии “Қуръон” ва “Қоидаи Бағдодӣ” таълими динӣ додааст.


Нозанин Самиева гуфтааст, ӯ намедонист, ки барои додани тадриси динӣ иҷозати махсус лозим аст. Аммо, навиштааст раиси додгоҳи ноҳия,  надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Нозанин Самиева ҳамчунин аз додрас хостааст, ки ба сабаби бекор будану ягон манбаи даромад надоштан ва ду фарзанди хурдсол доштану аз кардааш пушаймон будани ӯро ба инобат гирифта, нисбаташ ҷазои сабук таъйин кунад.

Додгоҳ Самиева Нозанинро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста, бар асоси моддаи 474, иловаи 2, қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи моддаи 48 қисми 5-и Кодекси мазкур ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба шашсаду ҳаштод сомонӣ, ба фоидаи давлат ҷарима баст.

Ин дар ҳолест, ки ин банди қонун барои  ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, агар чунин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад,  ҳамчун ҷазо ҷаримаро пешбинӣ мекунад: ба шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз навад то яксаду панҷоҳ, нисбат ба кормандону роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ аз яксаду шаст то яксаду ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то нуҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Додгоҳи ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) дар шарқи Тоҷикистон моҳи апрел хабар дода буд, ки Б.Х.Р., як сокини 38-солаи деҳаи Зуғараро барои таълимоти динӣ ба андозаи 90 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар бо 5760 сомонӣ, ё беш аз 500 доллар ҷарима бастааст.  Додгоҳи Сангвор дар сомонаи расмиаш гуфт, ин сокини Зуғара дар он гунаҳкор дониста шуд, ки дар хонааш  ҳамсари бародараш Ҷ.Қ.П.-ро таълимоти динӣ дода, “бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии дар моддаи 474, иловаи 2,  қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ пешбинишударо содир намудааст”. Аз маводи парванда бармеояд, ки мақомот лаҳзаҳои ба зани бародараш дарси дин додани ин сокини Зуғараро ҳатто аксу видео гирифта, ба мақомот додаанд.

Дар Тоҷикистон дар пайи қабули қонуни нави дин дар соли 2011 ҳамаи мадрасаҳои динӣ аз байн рафтанд ва Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар Душанбе дар ҳоли ҳозир ягона муассисаи таълимии динӣ дар ин ҷумҳурӣ боқӣ мондааст. Дар айни замон, мақомоти Тоҷикистон аз соли 2010 ба ин тараф талош доранд, то ҳамаи донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, ба Ватан баргардонанд.

Тибқи қонуни дин, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни иҷозатномаи давлатӣ метавонанд танҳо ба фарзандони худ ояҳои “Қуръон” ва дигар улуми диниро биомӯзонанд. Сокиноне, ки чунин имкон надоранд, аз он шикоят мекунанд, ки аз имкони бо роҳҳои қонунӣ ба таълими динӣ фаро гирифтани фарзандони худ маҳрум шудаанд ва маҷбуранд, ки аз ягон хешу табор ё шиносашон хоҳиш кунанд, ки пинҳонӣ ба фарзандони онҳо дарси дин бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button