ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ДУ АПАЮ ХОҲАР АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕТЕРБУРГИ РУСИЯ ҲАНГОМИ ОББОЗӢ ҒАРҚ ШУДААНД

Рӯзи 14 июни соли 2023 ду апаю хоҳар аз Тоҷикистон, ки яке 14 ва дуюмӣ 12 сол дошт, ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи “Никольский пруд” дар ноҳияи Петродворетск  дар канораҳои ҷанубуғарбии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ғарқ шуда, ба таври фоҷиавӣ ҷон додаанд.

Ин ду духтар ҳамроҳи падару модари худ аз Тоҷикистон ба Русия омада буданд. Модари онҳо ҳамчун ошпаз кор мекунад ва падарашон мардикор (разнорабочий) будааст.

Бино ба хабарҳо, рӯзи чоршанбе, 14 июн, ин апаю хоҳар ҳамроҳи падару бибӣ ва додари чорсолаашон ба соҳили ҳавз барои истироҳат омадаанд. Хоҳарон ҳамроҳи падарашон барои оббозӣ ба об даромадаанд ва додари онҳо ҳамроҳи бибиашон дар соҳил мондааст.

Фоҷиа аз он сар задааст, ки бино ба хабарҳо, духтарҳо оббозиро намедонистаанд, вале хоҳари хурдӣ барои онки оббозиро донистани худро нишон диҳад, ба даруни оби чуқур ғӯтта задааст. Вақте хоҳари калонӣ мебинад, ки хоҳараш ғарқ шуда истодааст, барои наҷоти ӯ худро ба дарунтари об  мезанад.

Ин ҳолатро иттифоқан додари хурдсоли онҳо аз соҳил дода, калонсолонро ба ёрӣ даъват мекунад. Падари онҳо худро ба об андохта, духтари хурдиашро аз об берун мекашад, вале духтари калониаш алакай ба қаъри ҳавз рафта буд. Ҷасади ӯро баъдан наҷотбахшон аз зери об берун оварда, ба падару бибии мотамзада супурданд.

Аммо фоҷиаи ин хонавода бо ҳамин тамом нашуд. Духтари хурдиро ҳарчанд аз об берун бароварданд, вале наҷот дода натавонистанд. Ӯ ҳанӯз то расидани табибон ва мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар соҳили  “Никольский пруд” ҷон дод.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати тафтишоти шаҳри Петербург хабар дод, ки шуъбаи тафтишоти ноҳияи Петродворется дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми сеюми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба марг расондани ду нафар парвандаи ҷиноятӣ кушодааст ва тафтиши ин парванда зери назорати раҳбарияти Сарраёсат қарор дорад. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо то 4 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тафсилоти дигари фоҷиа дар ҳавзи “Никольский пруд” нашр нашудааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла даҳҳо кӯдаки муҳоҷирони тоҷик, мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button