ВидеоИқтисодРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ РОСРОВУТ ЗЕРИ ДЕВОР ҶОН БОХТ, СЕЛ ДАР ШУҒНОН ГИДРОПОСТИ РОҲИ НАВРО ШУСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 13 июни соли 2023 низ дар ҷумҳурӣ боз чанд мавриди фурӯ рехтани сел сабт шудааст.

Аз ҷумла рӯзи 13 июн, соати 15:30, боришоти шадид боиси фурӯ рехтани сел дар деҳаи Росровути ҷамоати ҳамноми ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) шуд. Сел таҳхонаҳои чанд манзили истиқоматиро пур аз об карда, ҳамчунин сабаби чаппа шудани девори мактаби деҳа шуд. Ҳангоми фурӯ рафтани девори мактаб як сокини Росровут ҷон бохтааст. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Деваштич дастбакор шудааст.

Як рӯз қабл, 12 июн, бино ба гузориши қисми навбатдории Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бар асари болоравии дамои ҳаво ва об шудани пиряхҳо сатҳи об дар рӯзи Ғунд, ки дар қаламрави деҳаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон боло рафт. Оби аз маҷро беруншуда гидропост, ё истгоҳи оберо, ки дар деҳаи Роҳи нав ҷойгир аст, шустааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 13 июн бо мақсади ҳимояти хоҷагиҳои кишоварзӣ аз жола дар атрофи шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Балхӣ, Хуросон, Ёвон ва Данғара 42 мушаки “Алазан” задаанд.

Бино ба хабари дигари ин ниҳод, рӯзи 13 июн як дарахти хушкшудае ба сабаби шамоли сахт дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе шикаста, ба рӯи роҳ афтод ва барои равуои нақлиёт ва мардум мониа эҷод кард. Навбатдорони Кумита ба ҷои ҳодиса рафта, дарахтро аз байни роҳ гирифтанд ва роҳи мардум ва воситаҳои нақлиёт боз шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ ба самъи сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон мерсонад, ки дар рӯзҳои наздик бино бар боло рафтани ҳарорати ҳаво боло рафтани сатҳи об дар ҳавзаи рӯдхонаҳои  Панҷ, Вахш ва Зарафшон пешбинӣ мешавад. Ба ин далел, дар шабонарӯзи оянда эҳтимоли фурӯ рехтани селҳо дар ноҳияҳои кӯҳистон ва кӯҳдомани вилояти Хатлон, ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button