Рӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ ФОҶИАВИИ ДУ СОКИНИ БАСМАНДА ДАР ДАРВОЗ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 13 июни соли 2023 хабар дод, ки ду сокини ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) -и вилояти Суғд дар як ҳодисаи фоҷиавӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, ронандаи 43-солаи мошини боркаши тамғаи «DAF», сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич дар ҳудуди деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ҳангоми боз кардани дари ақиби бордони мошин ба ноқили барқӣ бархӯрда, бар асари расиши қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Баробари мушоҳидаи ин ҳодиса ронандаи дуюми ин мошини боркаш, сокини 26-солаи Басманда, ки ҷияни ронандаи аввал буд, ба кумаки тағояш шитофтааст, вале мутаассифона, ӯ низ аз таъсири қувваи барқ ҳалок шудааст.

Ҳарду ронандаи ҳалокшуда зодагони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич  ва аз як авлод: тағову ҷиян буданд. Аз ронандаи аввал 4 фарзанд ятим монд. Ҷияни ҷавонмарги ӯ низ оиладор буд, вале ҳанӯз фарзанд надошт.

Тафсилоти дигари ин ҳодисаи нохуши фоҷиабор дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button