ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ МАРДИ СОЛХӮРДА ДАР ДУ САДАМА ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 11 июни соли 2023, дар байни камтар аз як соат дар ду садама дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ ду марди солхӯрдаи яке 60-солаву дувумӣ 66-сола ба ҳалокат расидаанд. Аввалӣ, ки скутер меронд, дар шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳия бар асари бархӯрд бо “Опел” ҷон бохтааст ва дуюмӣсавори велосипед дар ҳудуди ҷамоати Оббурдон зери чархи “Дэу Дамас” мондааст.

Бино ба иттилои ВКД, наздикиҳои шоми 11-уми июни соли 2023, тахминан соати 19:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», Сафаров Комил Ҳасанович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Фотеҳобод», дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба скутери таҳти идораи Шарипов Шоҳусейн Собирович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа, Шарипов Ш. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин шоми 11-уми июни соли 2023, тахминан соати 20:20, ронандаи, мошини тамғаи «Дэу Дамас», Мискинов Мақсуд Хасанович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Оббурдони ҳамин ноҳия, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Боқиев Абдуқодир Сониевич, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи мазкурро, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарон Боқиев А. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, таҳқиқи ин ду ҳодиса идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  қаблан хабар дода буд, ки танҳо тайи рӯзҳои 9 – 11 июни соли 2023 дар 6 садама дар роҳҳои кишвар дастикам 9 нафар ҷон бохтаанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай ҳудуди 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд.  Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button