ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ КӮДАКИ 11-СОЛА БАРОИ ДУЗДИИ 10 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ЯК МАҒОЗА ДАР ДУШАНБЕ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 14.06.2023

Боздошт гардидани ноболиғи 11-сола бо ҷурми дуздӣ

124

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, ворид гардидааст, ки 24-уми майи соли 2023, тахминан соати 10:15-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквориаш шуда, аз он ҷо 10 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 11-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

123

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2022, марди 30-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 56 ҳазор сомонӣ барои тиҷорат гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ маблағи мазкурро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Камаз”-ро ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки пас аз як ҳафта маблағашро бармегардонад, аммо автомашинаи мазкурро фурӯхта маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобии зани 37-сола

15

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2018 дар КВД “Бозори Саховат”, зани 37-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 221 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button