ВидеоИқтисод

БОНКИ МИЛЛӢ “АЛИФБОНК”-РО 600 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТА, АНҶОМИ ДУ АМАЛИЁТРО БАРОЯШ МАҲДУД КАРД

Гуланор Атобек, раҳбари “Алифбонк” дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар пайи як санҷиши ҳамаҷониба ин бонки ҷавонро ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, аз анҷоми ду намуд амалиёт: қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон дар доираи афви дороиҳову пулҳо ва барои 3 моҳ аз ҳаққи мубодилаи асъори хориҷӣ барои ширкатҳо манъ кардааст.  Гуланор Атобек ҳамчунин хабар дод, ки дар айни замон, ба фарқ аз соли 2021, ки барои “Алиф” бо натиҷаи манфӣ анҷом ёфт, ин ниҳоди молиявӣ тавонистааст соли 2022-ро бо даромади тоза дар ҳаҷми 43 млн сомонӣ ба анҷом расонад.

“Шукрона, фаъолияти соли гузаштаро мо бо даромади тоза дар ҳаҷми 43 млн сомонӣ ба анҷом расонидем, ки ин таърихан натиҷаи рекордист. Бароямон ин хеле боиси хурсандист, зеро як сол қабл аз ин, мо солро бо натиҷаи манфӣ ҷамъбаст намудем. Сол бе камбудиҳо низ набуд ва оид ба онҳо дар поён боз маълумот хоҳем дод.

Дар соли 2022 тавонистем боз ба чунин натиҷаҳо ноил гардем:

– ҳаҷми амонатҳо назар ба охири соли 2021 зиёда аз 4 маротиба афзун гардид;

– сандуқи қарзӣ +13% нисбат ба охири соли 2021 зиёд шуд;

– ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдие, ки тариқи alif mobi гузаронида шудаанд, беш аз 3 маротиба назар ба соли 2021 зиёд гардида, шумораи истифодабарандагони фаъол +41% афзоиш ёфт;

– миқдори кортҳои баровардашуда +63% назар ба соли 2021 зиёд гардид;

– ҳаҷми интиқоли маблағ низ, дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 қариб 4 маротиба зиёд шуд”, – гузориш додааст Гуланор Атобек, ки тоза моҳи ноябри соли 2022 раиси нави “Алиф” интихоб шуд.

Гуланор Атобек

Ӯ афзуд, Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчун танзимгари соҳа ва мақоми таъминкунандаи устувории низоми бонкӣ санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти солҳои 2021–2022 Алифро ба анҷом расонда, дар рафти санҷиш дар фаъолияти бонк норасоиҳоеро пайдо кардааст: Санҷиш нишон дод, ки асосан камбудиҳои зерин вуҷуд доранд: ҳолатҳои нодуруст анҷом додани амалиётҳои хазинавию муҳосибӣ ва асъорӣ, камбудиҳои ҷиддӣ дар раванди қонунигардонии маблағҳо, нодуруст пешниҳод намудани ҳисоботҳо оиди амалиётҳои асъорӣ ва номукаммалии ҳуҷҷатгузорӣ аз рӯи баъзе амалиётҳо”.

Дар натиҷа, Бонки миллии Тоҷикистон бонки “Алиф” –ро ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, анҷом додани ду намуди амалиётро барояш маҳдуд кардааст:

  1. қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»
  2. амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ барои ширкатҳо, яъне шахсони ҳуқуқӣ дар давоми 3 моҳ, ба истиснои баъзе намуди амалиётҳо.

Гуланор Атобек таъкид кардааст, ки ин маҳдудиятҳо ба аксари мизоҷони бонк таъсире намерасонанд. Ӯ аз алакай ислоҳ шудани бархе норасоиҳо хабар дод ва ваъда дод, ки “ҳаракат мекунем, ки то охири сол боқимондаашонро низ дар асоси нақша-чорабинии тартиб додашуда, ислоҳ намоем.”

“Алиф” як аз комёбтарин стартапҳо дар арсаи бизнеси Тоҷикистон дониста мешавад. Ин муассисаи молиявӣ соли 2014 ҳамчун ташкилоти хурди қарзӣ ва бо ҳамагӣ 3 коргар ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло дар ин бонк дар Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 800 нафар кор мекунанд.

Соли 2021 нашрияи “Fintech finance news” арзиши “Алиф Бонк”-ро дар бозор 100 миллион доллар баровард карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button