ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ХОҲИШ МЕКУНЕМ, БАРОИ ЁФТАНИ МУҲАММАДРИЗО МАДАД РАСОНЕД!

Муҳаммад Ғоиб, як корбари Фейсбук аз ҳамаи сокинони минтақаи назди соҳили дарёи Варзоб ва дарёи Душанбе ва ҷамеъи мардум хостааст, ки барои пайдо кардани писари додарзодааш Муҳаммадризо Абдуғаффоров (ДАР АКС) мадад расонанд.

Тибқи шаҳодати ҳамроҳонаш,  Муҳаммадризо шаби 9 ба 10 уми июни соли 2023 дар километри 28-уми ноҳияи Варзоб (истироҳатгоҳи “Панҷшер”), тақрибан соати яки шаб дар дарё ғарқ шудааст.

“Баъзе шоҳидони ҳол гувоҳӣ медиҳанд, ки Муҳаммадризо гӯё нахуст аз ҷониби ҳамроҳонаш мавриди латукӯб қарор гирифта, баъдан ба дарё афтодааст. Сабаби марги ӯ танҳо баъд аз пайдо кадани ҷисмаш аниқ хоҳад шуд”, – навиштааст Муҳаммад Ғоиб.

Бино ба иттилои ӯ, бо вуҷуди кофтуковҳои наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва наздикону пайвандон ҷасади Муҳаммадризоро то ҳол пайдо накардаанд. Аз ин рӯ, наздикони ин ҷавон бори дигар аз ҳама сокинони таҳҷоӣ ва роҳгузарон хостаанд, ки дар ҳолати пайдо кардани Муҳаммадризо ба рақами +992 908 58 66 61 занг зананд!

Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли ҷорӣ дар ҷӯю дарёву каналҳо ва кӯлу обанборҳои Тоҷикистон алакай беш аз 50 нафар ғарқ шудаанд. Аксари онҳо кӯдакону наврасон ва ҷавононанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button