ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 9 НАФАР ДАР 6 САДАМАИ РӮЗҲОИ ОХИР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои 9 – 11 июни соли 2023 дар 6 садама дар роҳҳои кишвар дастикам 9 нафар ҷон бохтааст.

Аз ҷумла рӯзи 10-уми июни соли 2023, тахминан соатҳои 11:00, дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Самандаров Шерхон Ҳазратқулович, соли таваллудаш 1997, сокини ҳамин ноҳия, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ба самти чапи роҳ баромада, мошинро чаппа намудааст.

Дар натиҷа, ронандаи мошини мазкур Самандаров Ш.Ҳ. ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
10-уми июни соли 2023, тахминан соати 15:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Ахмедов Илҳом Исмоилҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Ашт-Хуҷанд» дар 56 км аз уҳдаи идораи мошин набаромада, аз роҳ баромада, чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронандаи мошин Ахмедов И., ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
9-уми июни соли 2023, тахминан соати 21:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Юнусов Абдурасул Муродбойевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Деҳмой» дар ҳудуди шаҳри Конибодом бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Эшматов Мубин Алимбойевич, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Конибодомро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Эшматов М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шаби 9-уми июни соли 2023, тахминан соати 22:50, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай-Элантра», Иноятов Ғолиб Толибович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар  километри 120-уми роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар мавзеи Чореи ноҳияи Айнӣ, аз роҳ баромада ба ҷарӣ чаппа шуда, ба дарёи «Фон-Дарё» ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва мусофираш р Иноятова Амбар Ғиёсовна, соли таваллудаш 1966, идома дорад.

10-уми июни 2023, тахминан соати 17:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес Бенс», Маҳмадсаидов Шаҳобиддин Раҳимович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар роҳи мошингарди “Душанбе-Ёвон” ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии канори роҳ бархӯрда, нақлиётро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофирони мошини мазкур Пиров Муҳиддин Нуриддинович ва Шоев Юсуфҷон Саймиддинович, соли таваллудашон 1995, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронанда Маҳмадсаидов Ш.Р. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ гардидааст.
Субҳи 11-уми июни соли 2023, тахминан соати 08:30, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Ҳайландер», Назаров Сайфулло Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Дэу-Дамас”, таҳти идораи ронанда, Рӯзиев Хуршед Юсупович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри мазкур бархӯрда, сипас, ба мошини тамғаи “Дэу-Матиз”, таҳти идораи ронанда, Қараев Азизҷон Абдурасулович, соли таваллудаш 1985, сокини ҳамин шаҳр, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи ”Дэу-Дамас”, Рӯзиев Х.Ю. ва мусофиронаш Элмуродов Абдухолиқ, соли таваллудаш 1947, Элмуродова Марямой, соли таваллудаш 1954 ва Раҳмонов Ҷасур Алимардонович, соли таваллудаш 2006, сокинони шаҳри Турсунзода ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, вале Элмуродов А. ва Элмуродова М. дар беморхона ҷон додаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расида, аз аввали моҳи июн дар бораи дар садамаҳо ҷон бохтани алакай ҳудуди 20 нафари дигар хабарҳо ба даст расидаанд.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button