ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ШУҲРАТҶОНИ ҚАБЛАН 10 МАРОТИБА(!!!) СУДШУДА БАРОИ БОЗ 9 ДУЗДИИ ДИГАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 13.06.2023

Марди 30-сола, ки 10 маротиба бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, такроран даст ба ҷиноят зад

18

Ба ШВКД ноҳияи Кӯшониён чанд нафар аз сокини ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намуданд, ки шахсони номаълум чорвоҳои калони шохдорашонро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гузаронидани чорабинихои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти хубу хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия имкон дод, то ҷиноят ошкор ва гумонбари он дастгир карда шавад.
Ин нафар Шуҳратҷони Ҷурахон, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Ҳамадонӣ мебошад, ки пеш 10 маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Дар рафти пурсиш муайян карда шуд, ки гумонбаршуда аз оромии шаб ва набудани одамони гирду атроф истифода намуда, бо тариқи пинҳонӣ вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон гашта, аз дохили оғилхонаҳои онҳо чорвоҳои калони шохдорро дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб мезадааст.

19

Номбурда, дар 9 ҳолати ҷинояти дуздии чорвоҳои шаҳрвандони ноҳияи Кӯшониён гумонбар дониста мешавад, ки бо ин кирдори ҷинояткоронааш ба ҷабрдидагон зиёда аз 80 000 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда ҳамаи ин маблағҳоро дар бозиҳои интернетӣ ва корҳои беҳуда сарф менамудааст.
Дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён нисбати Шуҳратҷони Ҷурахон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия

Боздошт гардидани нафарони ҷинояти дуздӣ содир намуда

013Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи зани 27-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки шаби 8 ба 9-уми июни соли 2023, тахминан соати 02:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили дигари истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи чӯбин 5 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 26-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми майи соли 2023, ҳангоми дар кӯчаи Авестои ҳамин ноҳия қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз автомашинаи шахсиаш тамғаи “Лексус 570”, маблағи 125 ҳазор сомонӣ ва 1-адад болопӯши автомашинаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 8-уми июни соли 2023, ҳангоми дар назди ҶДММ “Торгмаш”, қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Комбо”, маблағи 4 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобии ду нафар

01

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-сола ва зани 67-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуданд.
Номурдагон моҳи октябри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати шахсии худ сарф намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, номбурдагон моҳи феврали соли 2023, бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматии ҳамсояашон зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур омада, бо баҳонаи пеш бурдани тиҷорат аз ӯ 166 ҳазор сомониро ҳамчун қарз гирифта ваъда додаанд, ки дар муддати кутоҳ маблағи гирифтаашонро бармегардонанд. Аммо то ҳол маблағи мазкурро барнагардонида, ба манфиати шахсии худ сарф намудаанд. Нисбати гумонбаршавандагон бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button