ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

БА “ИСЛОҲ” АКСУ ВИДЕО МЕФИРИСТОД… 18 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ЗАН АЗ ҶАМОАТИ ВОРУХ

Додгоҳи вилояти Суғд Муҳиба Давронова, сокини 42-солаи ҷамоати Ворухи Исфараро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, аз ҷумла бо масъули пойгоҳи хабарии “Ислоҳ”  Муҳаммадиқболи Садриддин, ва қасди куштани ду фарзанди хурдсолаш ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст. Худи Муҳиба Давронова ва наздиконаш барои шарҳи ин ҳукм дастрас нестанд, вале додгоҳ гуфт, ки ӯ ба “Ислоҳ” аз Ворух аксу навор ва мавод мефиристод ва вақте ҳамкориаш бо ин пойгоҳи оппозитсионӣ ошкор шуд, худаш ва ду кӯдакашро доруи қаттоли “марги муш” хӯрондааст, то ки худкушӣ кунанд. Аммо ҳангоми бозпурсӣ дар додситонии Исфара марги муш хӯрдани онҳо ошкор шудааст ва модару фарзандонашро фавран ба беморхона бурда, аз марг наҷот додаанд.

Пойгоҳи хабарии “Ислоҳ” дар моҳҳои охир дар бораи Ворух чанд барнома омода карда буд, вале Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири “Ислоҳ” рӯзи 13 июн ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Муҳиба Давронова ба “Ислоҳ” ягон рабт надошт ва манобеи ин пойгоҳи хабарӣ аз Ворух ҳама дар амн қарор доранд. “Чунки манбаъҳои мо дар фиристодани маълумот хуб эҳтиёт мекунанд, ки ошкор нашаванд”,  – гуфт Муҳаммадиқболи Садриддин.

Хабари ба 18 соли зиндон маҳкум шудани сокини Ворух Муҳиба Давроноваро рӯзи 12 июни соли 2023 “Азия Плюс” бо такя ба додгоҳи илояти Суғд нашр кард.

Бино ба ин манбаъ, Муҳиба Давронова, сокини ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз моҳи майи соли 2022 то январи соли 2023 бо созмони оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Паймони миллӣ” ҳамкорӣ дошт ва фикру ақидаҳои ин созмону пайравонашро дастгирӣ кардааст.

“Муҳиба Давронова дар сомонаҳои интернетии ин равия, аз ҷумла барномаи “Ислоҳ.нет”, ки ровии ин барнома Муҳаммадиқболи Садриддин буда, расман аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар кофтуков қарор дорад, ҳамкорӣ ва ақидаҳои ифродии онҳоро тарафдорӣ кардааст”, – гуфтаанд дар додгоҳи вилоятӣ.

Ҳамчунин, ӯ ба он гунаҳкор дониста шудааст, ки корхона ва муассисаҳои давлатиро ба телефони мобилияш сабт  карда, наворҳоро ба сомонаи дар Тоҷикистон мамнӯи “Ислоҳ.нет” ирсол мекард ва ба гуфтаи тафтишот, “бо ин роҳ сиёсати имрӯзаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистонро мавриди танқиди шадид қарор додааст”.

Дар додгоҳ ҳамчунин хабар додаанд, ки Муҳиба Давронова баъди даъват гардиданаш ба  додситонии шаҳри Исфара дар робита ба ҳамкориаш бо созмонҳои мамнӯъ, “бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудан” рӯзи 9-уми январи соли 2023 бо қасди куштори худ  ва ду фарзандони ноболиғаш С.Қ  ва С.Қ  доруи “марги муш”-ро аввал худаш хӯрда, сипас ба фарзандони ноболиғаш хӯрондааст.

Худи ҳамон рӯз, зан ва фарзандонашон дар додситонии шаҳри Исфара барои пурсиш оварда мешаванд ва маҳз ин амал сабаби наҷоти ин зан ва кӯдакони хурдсолаш аз марг шудааст.

“Дар мақомоти прокуратура ҳолати маҷбуран додани “марги муш”  аз ҷониби модар ба фарзандон ошкор шуда ноболиғон ба шӯъбаи Эҳёи хурдсолони беморхонаи марказии Исфара дастрас ва аз марг наҷот дода мешаванд”, – гуфтаанд дар додгоҳи вилояти Суғд.

Муҳиба Давронова бо қарори додгоҳи вилояти Суғд бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2) ва сӯиқасд ба куштори ду ноболиғ бо бераҳмии махсус (моддаҳои 32, қисми 3 – 104, қисми 2, бандҳои “а, в, е”)  гунаҳкор дониста шуда, ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Назари худи зан, наздикон ва вакили дифои ӯ  дастас нест. Маълум нест, ки оё ӯ ба адвокати мустақил дастрасӣ дошт ё на?

Ворух ҷамоатест бо беш аз 30 ҳазор аҳолӣ, ки бар асари марзбандиҳои  асри 20 аз чор тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст. Аксари муноқишаҳои солҳои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон асосан дар атрофи Ворух сурат мегиранд ва ҳар дафъа бо вайрон шудани вазъ дар марз ҷониби Қирғизистон ягона роҳеро, ки Ворухро тавассути деҳаи Хоҷаи Аъло бо боқӣ қаламрави Тоҷикистон мепайвандад, мебанданд ва аҳолии ин ҷамоатро чандин рӯз дар муҳосира қарор медиҳанд.

Вале сокинони Ворух зиёд шикоят мекунанд, ки ҳокимони маҳаллӣ бо истифода аз дурафтодагӣ ва беназорат мондани ин минтақа  ба қонуншиканиҳои зиёд даст мезананд.

Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар як соли охир дар бораи Ворух як силсила барномаҳо омода ва нашр карда буд, ки дар онҳо асосан аз раиси ин ҷамоат Меҳринисо Раҳматова ва Зинур Тӯраев, масъули кумитаи замин дар ҷамоати Ворух шикоят ва интиқод мешуд. Аммо сардабири “Ислоҳ” Муҳаммадиқболи Садриддин мегӯяд, ин маълумотҳоро аз манбаъҳои дигар мегирифт ва Муҳиба Давроноваро аслан намешиносад ва ин зан бо “Ислоҳ” ягон ҳамкорӣ ва рабте надошт.

Дар солҳои охир дар Тоҷикистон даҳҳо нафарро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯи оппозитсионӣ маҳкум ба зиндон кардаанд. Агар дар солҳои аввал, шаҳрвандон бештар бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҳизби наҳзат ё “Гуруҳи 24” равонаи зиндон мешуданд, камокон ду соли охир, тавре ба назар мерасад, бештари чунин парвандаҳо бо ҷурми “ҳамкорӣ бо “Ислоҳ” аст. Соле пеш як корманди вазорати мудофиа ва ахиран чанд мансабдор, аз ҷумла мудири маорифи ноҳияи Панҷ, бо ҷурми “ҳамкорӣ бо “Ислоҳ” маҳкум ба зиндон шуданд.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button