АфғонистонВидео

ТОЛИБОН ДАР ДАРАИ ПАНҶШЕР ХОНАИ САФИРИ АФҒОНИСТОН ДАР ДУШАНБЕРО ОТАШ ЗАДААНД

Мақомоти Толибон шоми 11 июни соли 2023 дар дараи Панҷшер хонаи Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро оташ задаанд. Ин хона аз замони суқути дараи Панҷшер ба дасти Толибон дар моҳи сентябри соли 2021 аз сӯи ин гуруҳи тундрав ба қароргоҳи низомӣ табдил дода шуда, дар он қариб ду сол боз як фармондеҳи Толибон аз Қандаҳор ба номи Сайёд ҳамроҳи афродаш ба сар мебурданд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар бо тасдиқи ин хабар рӯзи 12 июн ба хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” гуфт, сӯхтор дар хонаи ӯ дар деҳаи Пайовашти вулусволии Рухаи вилояти Панҷшер наздикиҳои соати шаши асри рӯзи 11 июн, шуруъ шуда, то ба ҳол идома дорад.

“Ин ҳамон манзили меросии падарам аст, ки соли 1998 банда бо 4500 доллар кумаки Аҳмадшоҳи Масъуд дар замони муқовимати аввал ва аз тариқи ҳашар сохта будем. Хонае, мумкин аст, дар оташ сӯхта шавад, аммо рӯҳу иродаи мо сӯхтанӣ нест”, – гуфт сафири Афғонистон. Генерал Ағбар гуфт, бузургтарин дороии он хона як бошгоҳи варзишӣ аст, ки барои машқи бадани худу наздикон ва ҳамсоягон сохта буд.

“Намедонам дар ин солҳои ахир аз он бошгоҳ истифодаи беҳинае шуда бошад ё хайр. Аммо хонаи ҳамаи мо дар Афғонистон имрӯз дар оташ ҷаҳлу ситам месӯзад. Толибон* бояд бидонанд, ки хонаҳоро метавон сӯзонд, аммо рӯҳияи муқовимат дар баробари зулму терроризм шикастнопазир аст”, – гуфтааст сафири Афғонистон.

Ин ягона мавриди оташ задани хонаи чеҳраҳои мухолифи Толибон дар Панҷшер нест. Моҳи январи соли равон хонаи Фазлаҳмад Маънавӣ, вазири адлияи ҳукумати пешин ва аз раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ дар ҳамон деҳаи Пайовашти вулусволии Руха, ки дар қабати сеюмаш як китобхонаи бузург дошт, ба оташ кашида шуд.

“Спутник” менависад, дар ҳарду маврид Толибон нагузоштаанд, ки мардум оташро хомӯш кунанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар режими нави Толибонро напазируфт ва дар пайи фирори президент Ашраф Ғанӣ эълон кард, ки ноиби ӯ Амруллоҳ Солеҳро ба ҳайси қоиммақом эътироф мекунад.

Дар поёни соли 2022 вазорати хориҷаи Толибон Ағбарро аз мақоми сафирӣ дар Душанбе барканор карда, ба ҷои ӯ як нафари худро таъйин карданӣ шуд. Вале Ағбар гуфт, қарори барканориашро намепазирад, чунки сафорати Афғонистон дар Душанбе режими Толибонро ба расмият намешиносад ва бар амрҳои ин режим амал намекунад.

Толибон моҳи августи соли 2021, билофосила дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти фармони Амрико ва НАТО қудратро дар Афғонистон ба дасти худ гирифтанд ва аз эҳёи дубораи давлатдории худ бо номи “Аморати исломии Афғонистон” хабар доданд.

Бо гузашти қариб ду сол ягон кишвари дунё то ҳол режими нави Толибонро ба расмият нашинохтааст, вале чандин кишвар, аз ҷумла Русияву Чину Эрон бо Толибон тамосҳо барқарор карда ва сафоратҳои Афғонистон дар кишварҳояшонро ба афроди аз сӯи Толибон таъйиншуда вогузор карданд.

Тоҷикистон аз ҷумлаи ангуштшумор кишварҳоест, ки ошкоро аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангад, ҳимоят мекунад ва таъсиси як ҳукумати фарогир бо таъмини ҷойгоҳи шоиста дар он ба намояндагони дигар гуруҳҳои қавмӣ, бавижа ба тоҷикони Афғонистонро аз сарони Толибон талаб дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button