ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МУОВИНИ ПРОКУРОРИ ДУШАНБЕ ЯК КӮДАКРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД (ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

9 июни соли 2023 дар саҳни ҳавлии яке аз биноҳои истиқоматӣ дар кӯчаи Ҳусейнзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, кӯдаки хурдсол Н. аз зери назорати калонсолон дур монда, ҳангоми бозӣ ба  дохили ҳавзи фаввораи пеши бино афтода,  ғарқ мешавад. Хушбахтона, ҳолати мазкурро муовини додситон ё прокурори шаҳри Душанбе Маҳмудзода Мухтор дида, зуд ба кумаки кӯдаки ғарқшуда шитофт ва ӯро аз дохили об бароварда, кумаки аввали тиббиӣ расонд ва  кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот дод.

Дар ин бора прокуратураи шаҳри Душанбе дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод.

Дар сабти видеокамераҳои назоратӣ дида мешавад, ки ду кӯдак болои санги мармари ҳавзи фаввора баромада, бозикунон медаванд. Дар ҳамин лаҳза якеи онҳо ба даруни об меафтад. Баъди чанде як марди либоси расмӣ: шими сиёҳ ва пироҳани сафед дар тан пайдо шуда, бо сару либосаш даруни об медарояд ва кӯдакро аз об мебарорад.

Додситонии Душанбе дар пайи ин ҳодиса ба падару модарон чунин муроҷиат кардааст:

“Сокинони муҳтарам, таълиму тарбияи фарзанд вазифаи муқаддаси волидайн ба ҳисоб рафта, дар баробари ин барои бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандпадару модар масъулияти гарон доранд. Дар фасли тобистон, ки фарзандони мо майли зиёд ба мавзеъҳои оббозӣ ва фаввораҳо доранд, зарур аст, ки  гашту гузори онҳоро бе назорат нагузорем ва аз ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ намоем”.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз аввали соли ҷорӣ дар ҷӯю каналу дарёҳо ва кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон алакай беш аз 50 нафар ғарқ шудаанд. Тақрибан 30 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то синни 16 мебошанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button