Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОН БАРОИ НАШРИ ВИДЕОИ ПОЙГААШОН ДАР КӮЧАҲОИ ПОЙТАХТ

Раёсати корҳои дохили шаҳри Душанбе рӯзи 11 июни соли 2023 аз боздошти ду ронандаи ҷавон барои ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ хабар дод.

Бино ба иттилои милитсияи пойтахти Тоҷикистон, дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 2 нафар:

  1. ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Волга”, рақамҳои қайди давлатиаш 10 00 LW 01 шаҳрванд Назарзода Абдухалил Талбак, санаи таваллудаш 14.04.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Дарёобод ва
  2. ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес”, рақамҳои қайди давлатиаш 0048РА01, шаҳрванд Сатторов Муҳаммадюсуф Саидаброрович, санаи таваллудаш 24.04.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе боздошт карда шуданд.

Худи ин ду ҷавон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале ба иттилои милитсия, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе бо мақсади муайян намудани бартарии воситаи нақлиёти худ байни ҳамдигар сабқат намуда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардаанд. Ҳамзамон онҳо ин  лаҳзаи қонуншикании худро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр кардаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронандагони “Волга” ва “Мерседес” аз ҷониби кормандони милитсия протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  ҳардуро ҷарима бастаанд.

Милитсияи шаҳри Душанбе ҳушдор додааст, ки сабқати нодуруст ва бо суръати баланд рондани воситаи нақлиёт аз ҷониби баъзе аз ронандагон дар бештари мавридҳо ба ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиётӣ меанҷомад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button