СЕЛ ДАР ИШКОШИМ ВА ЗАМИНЛАРЗА ДАР РАШТ. ХУШБАХТОНА, КАСЕ ОСЕБ НАДИДААСТ

Кумита ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 9 июни соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ ду офати табиӣ: омадани сел ва заминларза рух додааст.

Аз ҷумла шоми 9 июни соли 2023, соати 20:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи боло рафтани ҳарорати ҳаво ва об шудани барф дар қуллаҳои кӯҳ дар ҳудуди деҳаи Вогзи ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим сел омад ва дар натиҷа, роҳро  дар километри 55-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим  баст.

Бо истифода аз техникаи махсуси хадамоти роҳи вазорати нақлиёти Тоҷикистон баъди 4 соат, яъне соати 02:10 дақиқаи алакай субҳи 10-уми июн роҳ аз селовардаҳо пок карда шуд ва ҳаракати мошинҳо барқарор гардид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, ин сел талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 9 июни соли 2023, соати 15:04 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза дар 173-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе а 32-километрии шарқи маркази ноҳияи Рашт ҷойгир шуда буд. Қувваи зилзила дар маркази он тибқи ҷадвали Рихтер, 3-4 баллро ташкил додааст. Дар Душанбе ин такон эҳсос нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, хушбахтона, ин офати табиӣ ягон талафоту харобӣ ба ҷо нагузоштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button