ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ МЕҲМОНХОНАИ “СЕРЕНА“-И БУНЁДИ ОҒОХОНРО ДАВЛАТӢ КАРДААНД

Пойгоҳи хабарии Pamir Daily News, ки рӯйдодҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 9 июн соли 2023 бо такя ба “дастикам 4 манбаи огоҳ аз маъмурияти вилояти Бадахшон ва Бунёди Оғохон” хабар дод, ки меҳмонхонаи “Serena Khorog INN” дар шаҳри Хоруғ, маркази вилоят, ки қаблан ба Бунёди Оғохон қарор дошт, феълан алакай дар дасти ҳукумати вилоят қарор дорад.

 “Дастикам 4 манбаи огоҳ аз маъмурияти вилояти Бадахшон ва Бунёди Оғохонин хабарро тасдиқ карданд. Сабаби чунин тасмимро ин манбаъҳо гӯё дар вақташ нодуруст хусусӣ гардонда шудани ин иншоот медонанд. Дар ҳоли ҳозир ин бино ба як соҳибкор бо номи Алишер, ки зодаи Бадахшон буда, дар вилояти Суғд зиндагӣ мекунад, дода шудааст”,   – гуфта мешавад дар хабари Pamir Daily News.

Мақомоти расмии ин минтақаи мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои расмии ҷумҳурӣ то кунун хабари ба фоидаи давлат мусодира шудани ин меҳмонхонаи марбут ба Бунёди Оғохонро шарҳ надодаанд.

Меҳмонхонаи хурди  “Khorog Serena Inn“ дар як мавзеи кӯҳӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир шуда, бо сабки хонаи помирӣ (чид) зиннат дода шудааст. Ин меҳмонхона барои сайёҳони сершуморе, ки ба тамошои Помир меоянд, ҳамчунин барои гузарондани тӯйҳо ва ҷамъомадҳо як макони ҷаззоб ба шумор мерафт.

Меҳмонхонаи “Khorog Serena Inn“ як бахши ширкати швейтсарии “Serena Tourism Promotion Services SA“ (STPS SA) буд. Ин ширкат ба Бунёди рушди иқтисодии Оғохон AKFED тааллуқ дошт.

“Serena Tourism Promotion Services“  молики бренди “Serena“ буда, шабакаи меҳмонхонаҳоро бо ин ном ва бренд дар чандин кишвар дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла дар Африқои шарқӣ (Кения, Танзания, Занзибар, Руанда, Конго ва Уганда), дар кишвари дигари африқоии Мозамбик ва ҳамчунин дар Осиёи ҷанубиву марказӣ (Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон) идора мекунад.

Шоҳзода Карим Оғохони IV, ки 85 сол дорад, раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои тамоми ҷаҳон, аз ҷумла аксари сокинон ва зодагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон мебошад. Оғохон ҳамчунин тавассути сохторҳои худ чандин бунёди бузурги кумакҳои хайрия, ниҳодҳои таълимиву омӯзишӣ ва тиҷоратҳои зиёдеро раҳбарӣ мекунад. Сохторҳои Оғохон дар Тоҷикистон аз ҷумла тиҷоратҳои бузурге, чун ширкати мобили ТСЕЛЛ, Аввалин Бонки молиявии хурд (Первый микро-финансовый банк, нирӯгоҳи “Помир-1” (якҷо бо Иттиҳодияи байналмилалии молиявӣ, як сохтори Бонки ҷаҳонӣ) ва меҳмонхонаҳои “Серена“ дар Душанбе ва Хоруғро идора мекунанд.

Меҳмонхонаи “Серена“, агар хабари давлатӣ карданаш тасдиқ шавад, аз шумори муассисаҳои тиҷоратии Оғохон кам шуда, алакай дуюмин иншооти Бунёди Оғохон аст, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон пас гирифта мешавад. Моҳи августи соли 2022 хабар омада буд, ки парки шаҳри Хоруғро, ки қариб 20 сол боз дар ихтиёри  Бунёди Оғохон қарор дошт, низ ба фоидаи давлат мусодира кардаанд.

Ин боғи воқеъ дар маркази шаҳри Хоруғ ҳанӯз соли 2003, дар давраи раиси ин вилоят будани Алимамад Ниёзмамадов ба ихтиёри Бунёди рушди Оғохон дода шуд. Моҳи октябри соли 2009 Бунёди Оғохон расми гушоиши ин боғро дар пайи таҷдиду бозсозӣ ва табдили он ба як парки муосир баргузор кард. Бунёди Оғохон ҳамон вақт гуфта буд, ки барои бозсозии парки Хоруғ беш аз 4 миллион доллар сарф кардааст.

Тайи як соли гузашта баъди саркӯби эътирозҳои дар Бадахшон,  сохторҳои гуногуни марбут ба Оғохон дар ин вилоят ва дар умум дар Тоҷикистон ба фишори ҷиддие аз ҷониби мақомот дучор шудаанд ва  дар пайи парки Хоруғ ва меҳмонхонаи “Серена” дар маркази Бадахшон хафви давлатӣ кардани дигар сохторҳои тиҷоратии Оғохон дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button