БОЗДОШТИ АМАК БАРОИ ЛАТУКӮБИ БЕРАҲМОНАИ ФАРЗАНДИ ХУРДСОЛИ БАРОДАРАШ (3 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 11 июни соли 2023 аз боздошти як сокини пойтахти Тоҷикистон барои латукӯби бераҳмонаи фарзанди ноболиғи бародари худаш хабар дод.

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе менависад, “латукӯбу шиканҷа ва озору уқубати наврасон, амали ношоиставу ғайриинсониест, ки мутаассифона аз ҷониби баъзе аз калонсолон раво дида мешавад. Чунин муносибати ғайриинсонӣ дар замири наврасон хусумату бадбинӣ ва рӯҳафтодагиро замина мегузорад”.

Бино ба иттилои милитсияи пойтахт, дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Аламов Ширин Арабович, санаи таваллудаш 15.12.1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пайрав Сулаймонӣ дастгир карда шуд.

Худи дастгиршуда барои шарҳи моҷаро дастрас нест, вале ба иттилои мақомоти милитсия, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 10-уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 18:00, шаҳрванд Аламов Ширин дар маҳаллаи Сомон-2-и ноҳияи Фирдавсӣ, писари ноболиғи бародари худро мавриди латукӯб қарор додааст. Дар гузориш алоҳида таъкид шудааст, ки падари кӯдаки латтукӯбшуда феълан дар хориҷи кишвар қарор дошта, ӯ  аз ҳамсари худ ҷудо шудааст ва ду фарзанди ноболиғаш дар тарбияи волидайни ӯву Аламов Ширин қарор доранд.

Навори латукӯби кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандон қарор гирифт.

Вобаста ба ҳолати мазкур, айни замон шаҳрванд Аламов Ширин дастгир карда шуда, бо мақсади пурра муайян намудани сабабу омилҳои мавриди латукӯб қарор гирифтани кӯдаки хурдсол ва оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Дар бораи сабаби чунин бераҳмона латтукӯб шудани ҷиянаш аз ҷониби Аламов Ширин дар гузориши нашршуда чизе гуфта намешавад.

Ба Ширин Арабов бар асоси қисми дуюми моддаи 117 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои азобу уқубати ноболиғе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошта, аз худ ҳимоят карда наметавонад, ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button