ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР, АЗ ҶУМЛА ЯК КӮДАК ДАР СЕ САДАМА ДАР ЗОЛИ ЗАР, ВАҲДАТ ВА ҶАҲОНЗЕБ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 5 ва 6 июни соли 2023 дар се садама дар ҷамоати Золи Зари ноҳияи Балхӣ,  ҷамоати Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат ва дар ҳудуди деҳаи Ҷаҳонзеб дар канори шаҳри Конибодом се нафар, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола ба ҳалокат расида,  дастикам ду нафари дигар, аз ҷумла як кӯдаки дусола ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ҷумла субҳи 6-уми июни соли 2023, тахминан соати 07:30, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс С-200”, Одинаев Искандаршоҳ Нуралиевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат-Кулоб”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Давлатзода Юсуф Ҳусейн, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри мазкурро, ки бо модараш Фарзонаи Муродалӣ дар канори шоҳроҳ истода буданд, пахш намудааст.Дар натиҷа, хурдсол Давлатзода Ю.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, шаби 6-уми июни соли 2023, тахминан соати 23:40, ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-21070», Соҳибов Низом Савриевич, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди деҳаи Ҷаҳонзеб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Соҳибов Н.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири мошини мазкур, хурдсол Абдуҷалили Бахтовар, соли таваллудаш 2021, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳамчунин 5-уми июни соли 2023, тахминан соати 15:00 ронандаи мошини тамғаи “Тайота-Каролла”, Наврӯзов Тоҳир Нуриддинович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Золи-Зар, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба мошини боркаши тамғаи “Мерседес-Атеко”, ки дар канори рости роҳ таваққуф карда буд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили мошини тамғаи “Тойота-Королла”, Саидова Тахмина Сайфиддиновна, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари мошини мазкур, Сафарова Холнисо Сафаровна, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ, бино ба ҳисобҳо, бар асари садамаҳо дар рорҳои ҷумҳурӣ то 40 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button