ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

БАЪДИ 7 СОЛ: БОЗКУШОИИ САФОРАТИ ЭРОН ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ

Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз 7 соли қатъи равобити дипломатӣ бо Арабистони Саудӣ рӯзи 6-уми июни соли 2023 дубора сафоратхонаи худро дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Риёз бозкушоӣ кард.

Алиризо Иноятӣ, мудири кулли дафтари халиҷи Форси вазорати корҳои хориҷии Эрон, ки қаблан сафир дар Кувайт буд, ба унвони сафири Эрон дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ шудааст.

Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон эълон намуд, ки ба зудӣ консулгарии Эрон дар шаҳри Ҷидда ва ҳамчунин намояндагии доимии Эрон дар Созмони ҳамкориҳои исломӣ  низ фаъолияти худро аз сар мегиранд. Интизор меравад, Арабистони Саудӣ низ дар рӯзҳои наздик сафоратхона ва консулгарии худро дар Теҳрон ва Машҳад бозгушоӣ кунад.

Азсаргирии равобити дипломатӣ бозгушоии сафорату консулгариҳо дар Эрон ва Арабистон  аз шартҳои тавофуқе буд, ки моҳи марти соли 2023 бо миёнҷигарии Хитой ҳосил шуд.

Сафоратхонаи Саудӣ дар Теҳрон 3 январи соли 2016 вақте баста шуд, ки онро тазоҳургарон ба нишони эътироз ба қатли Нимр Ал-Нимра, як рӯҳонии шиа аз ҷониби Саудӣ оташ заданд.

Ва аммо ин нахустин мавриди қатъи равобити дипломатии ду кишвар аз замони рӯи кор омадани режими исломӣ дар Эрон дар пайи инқилоби исломии соли 1979 набуд.

Соли 1987 дар мавсими Ҳаҷ ҳоҷиҳои эронӣ дар Макка ба бархӯрди сахти пулиси Саудӣ дучор шуданд ва наздик ба 400 ҳоҷии эронӣ  дар ҷараёни даргириҳо аз ҷониби пулиси Саудӣ кушта шуд. Дар ҷавоб дар Теҳрон низ мардум ба хиёбонҳо рехта, норозигии худро ба ҳукумати Арабистон баён доштанд ва дар охири рӯз сафоратхонаи Арабистони Саудиро талаву тороҷ намуданд. Саудӣ соли 1988 сафоратхонаи худро дар Теҳрон  баст ва ҳамаи кормандони сафоратро бозпас хонд. Равобити дипломатии Риёз бо Теҳрон он вақт танҳо баъди се сол барқарор карда шуд.

Вале ин дафъа ба ду кишвар танҳо баъди 7 сол муяссар шуд, ки равобити дуҷонибаи дипломатии худро дигарбора ба роҳ монанд.

Дар Ғарб режими ҳокими Эронро ба кӯшишҳои ба ҳам задани субот дар Ховари Миёна, аз ҷумла ба пуштибонӣ аз режими Башор Асад дар Сурия ва чирикиҳо аз қабилаи ҳусиҳо дар Яман айбдор мекунанд. Ҳамин тавр, Исроил низ Эронро як хатари бузург ба амнияти худ ва минтақа меномад.

Арабистони Саудӣ ва Эрон ду рақиби суннатӣ дар Ховари Миёна ба шумор мераванд ва дар чандин масоили доғи ин минтақа, аз ҷумла дар Яману Сурияву Лубнон ва Баҳрайну Ироқ дар мавқеъҳои комилан мухолиф қарор доранд. Арабистони Саудӣ худро лидери кишварҳои суннимазҳаб мешуморад ва Эрон баракс аз давлатҳои шиъа ҳимоят мекунад.

Аз  ҷумла Саудӣ дар Яман раҳбари эътилофи кишварҳои арабии халиҷи Форс аст, ки аз ҳукумати суннимазҳабони Яман ҳимоят мекунанд, вале Эрон дар инҷо аз шӯришиҳо аз қабилаи ҳусӣ, ки пайрави мазҳаби шиъаянд пуштибонӣ мекунад. Ҳамин тавр, дар Сурия  Эрон сарсахтона аз режими Башор Асад, ки аз шиъаҳои алавист, ва дар Ироқ аз ҳукумати кунунии шиъаҳо ҳимоят мекунад, ки ин ба Саудӣ зиёд хуш намеояд.

photo
Посольство Ирана открылось в Саудовской Аравии

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button