ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР КӮЧАИ НЕЪМАТ ҚАРОБОЕВ ВА ДУ ДУЗДӢ ДАР ВОСЕЪ ВА ДУШАНБЕ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 02.06.2023

Боздошт гардидани ду мард бо ҷурми ғоратгарӣ

158 2

 Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. Ӯ ҳамроҳи рафиқаш, марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо маслиҳати пешакӣ 11-уми майи соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт бо тариқи ошкоро аз ҷайби марди 45-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ 1-адад ҳамёнро, ки дар дохилаш шиносномаи миллӣ, шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва 2-адад корти миллии пластикӣ дошт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

14

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ аризаи марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки шаби 29-уми майи соли 2023, тахминан соатҳои 23:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 6 ҳазору 500 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 27-солаи сокини шаҳри Кӯлоб содир намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 25-уми майи соли 2023, тахминан соати 10:30 бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 48-солаи сокини пойтахт шуда, аз он ҷо 6 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button