ВидеоҶомеа

АЗ 12 ТО 14 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ХУШДОМАНУ ҲЕВАР ВА ЗАНИ ҲЕВАР БАРОИ МАРГИ САЙЁРА ЗОИРОВА (ВИДЕО)


Се узви як хонадонро дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар пайванд ба марги Сайёра Зоироваи 36-сола зиндонӣ кардаанд. Ҳукмро Додгоҳи ноҳия рӯзи 31-уми майи соли 2023 баровардааст.

Сайёра Зоирова ҳашт моҳ пеш, моҳи августи соли 2022 баъд аз як муноқиша дар хонаи шавҳар ва зарб хӯрдан, бистарӣ шуд ва дар шифохона ҷон бохт. Ӯ қабл аз марг дар як видео нақл кард, ки чӣ гуна хешу табори шавҳараш ӯро то мурдан латтукӯб кардаанд.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, ки Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми июн дастрас кард, Мукамбар Исҳоқова (хушдоман), Хуршедаи Нозим (зани ҳевар, яъне бародари шавҳар) ва Ҷиёншоҳ Раҳимов (бародари шавҳар) ба гуноҳи “қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст”  бар асоси моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ, қисми ду, банди “в” аз 12 то 14 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Дар ҳоле ки пештар модари Сайёра Зоирова аз дуруст тафтиш нашудани парванда шикоят дошт, бародари ӯ, Абдулваҳҳоб Зоиров, рӯзи 2 июн ба Озодӣ гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд. “Одилона буд, чунки гунаҳкорон ҷазо гирифтанд” – афзудааст ӯ.

Ба қавли ҳамсуҳбати Озодӣ, Мукамбар Исҳоқова ва писару келинаш пас аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шудаанд. То он вақт дар озодӣ буданд.

Мукамбар Исҳоқова, хушдомани Сайёра Зоирова, рӯзи 12-уми май гуфта буд, ки арӯси хонадонро назадаанд. Вай, баръакс, иддао карда буд, ки “Сайёра бе иҷозаи шавҳар ба Русия рафт ва ин ҳолат боиси зани дигар гирифтани писараш шуд.

Ҷаҳонгир Раҳимов, ҳамсари Сайёра Зоирова, низ латукӯби ҳамсарашро аз тарафи модару бародар ва ҳамсари бародараш рад карда буд. Вай рӯзи 2-юми июн аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ норозигӣ кард.

“Бародарам кӯдакони хурд дорад. Онҳоро ба назар нагирифтанд. Ман нигоҳубин карда наметавонам. Аслан бо ҳукм розӣ нестам”, — гуфт Ҷаҳонгир Раҳимов.

Сайёра Зоирова дар моҳи августи соли 2022, дар пайи баҳси хонаводагӣ ба бемористон афтод ва пас аз се моҳ ҷон бохт. Дар санҷиши тиббиву додгоҳӣ сабаби марги Сайёраро “осебҳои сахт дар сар” навиштаанд. Тафтишу муҳокимаи парванда ҳашт моҳ дароз кашид ва ин вазъ норозигии хонаводаи Сайёра Зоироваро ба бор овард.

Ҳар сол дар Тоҷикистон мавридҳои зиёди муноқишаи хонаводагиро сабт мекунанд. То кунун баъзе аз ин ҳодисаҳо бо марг ва боздошту зиндонӣ шудани аъзои оила анҷом ёфтааст. Мақомот онро бештар ба якдигарнофаҳмӣ рабт медиҳанд, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ба муҳоҷирати дарозмуддат ва мушкили иқтисодиву равонӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button