Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЛЕЙТЕНАНТИ МИЛИТСИЯ БЕҲЗОДҶОН ДОДОЕВ ЯК ДУХТАРРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДОДААСТ

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон корманди шуъбаи кадрҳояш лейтенант Беҳзодҷон Додоевро, ки ҳафтае пеш як духтарро аз ғарқшавӣ дар дарёи Вахш наҷот дод, бо “Ифтихорнома” қадрдонӣ кардааст.

Бино ба гузориши полковники милитсия Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон, рӯзи 30 апрели соли 2023 нозири калони шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, лейтенанти милитсия Додоев Беҳзодҷон як ҷавондухтар, шаҳрванд Ш.З, сокини шаҳри Левакантро, ки дар дарёи тезоби «Вахш», дар ҳолати ғарқшавӣ қарор дошт, аз дохили дарё берун бароварда, ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, ӯро наҷот додааст.

Шаҳрванд Ш.З. дарҳол ба беморхона дастрас шуда, ба муолиҷа фаро гирифта шуд ва дар айни ҳол саломатиаш муътадил арзёбӣ мешавад.
“Бо ин амали инсондӯстона, садоқати худ ба савганд ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон Додоев Беҳзодҷон ҷони худро дар хатар гузошта, барои наҷоти шаҳрванд аз ғарқшавӣ шитофтааст, ки ин амал боиси таҳсину офаринҳост”, – навиштааст Офоқ Қодириён.
Аз номи роҳбарияти раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Додоев Беҳзодҷон барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ зимни иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ бо «Ифтихорнома» сарфароз гардонида шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button