ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ШАРИФҶОН УЧҚӮРҒОНӢ – ПОСДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Аз Қирғизистон хабари шум расид. Муаллим, журналист ва шоири тоҷики Қирғизистон Шарифҷони Учқӯрғонӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора дар Фейсбук журналисти тоҷик Одил Нозир хабар дод. Шарифҷони Учқӯрғонӣ (Шарифҷон Абдураззоқов) 81 сол дошт. Дар бораи иллати марги ӯ дар хабар чизе гуфта нашудааст.

Шарифҷон Абдураззоқов (тахаллуси эҷодӣ – Шарифҷони Учқӯрғонӣ) 16-уми декабри соли 1931 дар деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодканди Қирғизистон дида ба олам кушодааст. Аввал омӯзгор будааст ва аз соли 1958 то соли 1962 дар вазифаи муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Байроқи мусобиқа”, ки бо ташаббуси котиби якуми КМ ҲК Қирғизистон Исҳоқ Раззоқов ба забони тоҷикӣ низ ташкил шуда буд, кор кардааст.

Соли 1962 ба кори омӯзгорӣ баргашта, то соли 1991 дар мактаби миёнаи ба номи устод Айнӣ дар деҳаи Учқӯрғон забону адабиёти тоҷик ва ӯзбекро ба шогирдон дарс дод. То охири умр машғули корҳои эҷодӣ буд.

Аз соли 1997 то имрӯз ҳафт маҷмӯаи ашъори ӯ ба чоп расидаанд. Ашъораш дар китобҳои “Панди падар”, “Таҷрибаи рӯзгор”, “Замони ман”, “Ашъори вопасин” нашр шудааст.

Шарифҷони Учқӯрғонӣ ба забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ низ асар эҷод кардааст.

Шарифҷони Учқӯрғонӣ узви Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон ва Тоҷикистон ва Аълочии маорифи Қирғизистон буд. Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 11-уми июли соли 2003 бо медали “Барои хизмати шоиста” сарфароз гардидааст. Дар соли 2007 бо медали тиллои Бунёди хайрияи ба номи А. Фирдавсӣ сарфароз гардонда шуд.

Фарзандаш Миродил Абдураззоқов – дипломати шинохтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, солҳои зиёд ба унвони консули он кишвар дар Тоҷикистон ва шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон масъулият доштааст. Писари дигарашон Мавлонҷон Абдураззоқов тоҷири муваффақ ва ҳомиву пуштибони мактабу маорифи тоҷик дар Қирғизистон ва сармоягузори нашри китобҳои падараш аст. Музаффар Абдураззоқов, писари дигари Шарифҷони Учқӯрғонӣ муҳандис аст ва духтараш омӯзгори мактабҳои тоҷикии Учқӯрғон мебошанд.

Ҳамагӣ якуним сол пеш, моҳи декабри соли 2021 дар Учқӯрғон ҷашни 90-солагии Шарифҷони Учқӯрғониро таҷлил карда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button